“Вақте одамонро даруни бинои оташгирифта дидам, натавонистам бетараф бошам”

Шоми 8-уми апрел дар яке аз биноҳои 12-ошёнаи кӯчаи ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи ноҳияи Шоҳмансур сӯхтор сар зад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёд паҳн шуданд. Cокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ду корманди қаҳвахонаи “Ланджоу”, ки дар ошёнаи якуми бинои мазкур ҷойгир аст, то омадани кормандони сӯхторхомӯшкунӣ сокинонро аз коми оташ наҷот додаанд. Корманди “Азия-Плюс” […]

Шоираи Қудрат, Asia-Plus

Шоми 8-уми апрел дар яке аз биноҳои 12-ошёнаи кӯчаи ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи ноҳияи Шоҳмансур сӯхтор сар зад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳои зиёд паҳн шуданд. Cокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ду корманди қаҳвахонаи “Ланджоу”, ки дар ошёнаи якуми бинои мазкур ҷойгир аст, то омадани кормандони сӯхторхомӯшкунӣ сокинонро аз коми оташ наҷот додаанд. Корманди “Азия-Плюс” ба ҷустуҷӯи ин ду ҷавон рафт.

Музаффар Одинаеви 29-сола роҳбари қаҳвахонаи “Ланджоу” аст. Ӯ яке аз ду ҷавоне буд, ки вақти сӯхтор ҷони худро ба хатар гузошт ва ба наҷоти одамони дар ошёнаҳои боло дармонда шитофт.

“Тақрибан соати 19:20 аз равзанаи қаҳвахона, ки ба майдончаи кӯдаконаи бино кушода мешавад, занеро дидам, ки “Ёрӣ диҳед” гӯён, фарёд мезад. Ба саҳни ҳавлӣ баромадам ва ба боло нигаристам, ки дар бино сӯхтор сар задааст”, – мегӯяд Музаффар.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ) мегӯяд, сӯхтор дар ошёнаи 8-уми ин бино сар зада, ошёнаи 9-умро ҳам фаро гирифт.

Музаффар зикр мекунад, ки бо шунидани садони имдодталабӣ бо дӯсташ Муҳаммад Сулаймонов, ҷавони дигари 31-сола, ки низ дар ин қаҳвахона кор мекунад, қарор карданд ба кӯмаки одамони дар ошёнаҳои болои бино дармонда шитобанд.

“То ошёнаи сеюм осори оташ набуд, дар ошёнаи чаҳоррум аллакай дуди сиёҳ пайдо шуд. Баъд, дари ҳамаро кӯфтем ва огоҳ кардем, ки берун бароянд. Тасмим гирифтем, таваккал кунем ва ба кӯмаки онҳое, ки дар ошёнаҳои боло дармонда буданд, равем”, – гуфт Музаффар.

Муҳаммад мегӯяд, дар он лаҳзаи душвор дар хотир надорад, ки мушаххасан чанд нафарро наҷот доданд.

“Талош кардем пеш аз ҳама кӯдакону занҳоро наҷот диҳем. Дафъаи аввал 11 нафарро фаровардем, дафъаи дуюм 7 кас, сеюм як пиразану як кӯдак, дафъаи чорум як оилаи дигарро бо духтару ду тифли 5-6-моҳаашон ва сипас аз ошёнаи 11-ум ду нафар эрониро берун баровардем. Шояд ин рақам бештар бошад, чун дақиқ дар хотир надорам”, – изҳор кард Муҳаммад.

Ӯ гуфт, вақти наҷоти як пирзане, ки хонааш рӯ ба рӯи хонаи дигари оташгирифта буд, маҷбур шуд либоси худро тар карда, дохили оташ шавад.

Музаффар мегӯяд, баъзе аз онҳое, ки наҷот доданд, аз оташ зарар дида буданд.

“Дастони ду зан аз ошёнаи 6-ум сӯхта буданду панҷаи зани дигаре низ осеб дида буд”, – мегӯяд Музаффар.

Ба нақли ин ҷавонҳо, ҳар лаҳза дуд ғафс ва ҳаракат дар дохили бино душвор мешуд. Лифт ҳам дар ошёнаи 6-ум оташ гирифта, истифода аз он ғайриимкон буд.

“Лаҳза ба лаҳза дуд ғафс шуд мешуд. Мо дар ошёнаи 9-ум будем, ки ду оилаи дигар низ аз боло фаромаданд ва ба мо пайвастанд. Маҷбур шудем, аз хонаи зане сачоқ гирифта, онро тар кунем ва ба сари занҳо печонида, то поён фаромадем. То ошёни сеюм расидем, ки сӯхторхомӯшкунҳо моро пешвоз гирифтанд ва то поён фароварданд. Дар поён кормандони Ёрии таъҷилӣ ҳам буданд”, – зикр мекунад Музаффар.

Бояд гуфт, КҲФ дар шарҳи сӯхтор навишт, “талафоти ҷонӣ сабт нашудааст” ва “наҷотдиҳандагон 6 сокини ошёнаҳои оташгирифтаро, ки миёни онҳо як кӯдаки 3-моҳа ва 4 зан буд, наҷот доданд”. Аммо аз корнамоии Муҳаммад ва Музаффар ҳарфе назад.

Ин ду ҷавон ҳам худро қаҳрамон намеҳисобанд ва мегӯянд, танҳо қарзи инсонии худро адо кардаанд.

“Инсон барои инсон офарида шудааст. Метавонист ба ҷойи он нафароне, ки дар ин бино қарор доштанд, оилаи ман, фарзандони ман бошанд. Дар бино аксаран кӯдакону занҳо буданд, ки шояд шавҳаронашон дар кору сафарҳои хориҷӣ бошанд. Тасаввур кунед, ки агар хонаи ман оташ гираду касе ба кумаки оилаи ман нарасад, ин аз рӯйи инсонгароӣ нест”, – гуфт Музаффар.

Муҳаммад ҳам ин суханҳои дӯсташро тақвият дода, зикр мекунад, ки дар чунин ҳолат виҷдони одам намегузорад, ки бетараф бошад.

“Вақте одам дар даруни оташ аст, чӣ гуна бетараф метавон буд? Дар он ҳолат на тарс эҳсос мешаваду на хатар. Вақте дидам мардум дар хатаранд, виҷдонам тоқат накард. Мо танҳо қарзи инсонии худро адо кардем. Зеро вақте дасти як нафарро мегирӣ, дасти туро мегиранд”, – гуфт Муҳаммад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.

Дар Тоҷикистон минтақаҳои озоди иқтисодӣ рақамӣ мешаванд

Минбаъд соҳибкорон имкон пайдо мекунанд, ки дархостҳои худро ба таври онлайн пешниҳод кунанд..

Заҳролудшавии 4 кас баъди истеъмоли гушти мурғ дар яке аз ошхонаҳои Панҷакент

Ошхонае, ки сокинон заҳролуд шудаанд, муваққатан баста шудааст.

Тасдиқи реҷаи нави кори мағоза ва тарабхонаву марказҳои дилхушӣ дар Душанбе. Онҳо то кай бояд кор кунанд?

Соҳибони марказҳои савдову хидматрасонӣ бояд реҷаи кори худро бо комиссияи шаҳрдорӣ мувофиқа кунанд.

Русия 27 шаҳрванди Тоҷикистонро аз Эрон берун баровардааст

Онҳо дар нерӯгоҳи ҳастаии "Бушаҳр" кор мекарданд.

Муштзанони тоҷик дар марҳилаи якуми Ҷоми ҷаҳон дар Бразилия ширкат мекунанд

Федератсияи бокси Тоҷикистон ҳайати дастаро, ки аз 4 варзишгар иборат аст, эълон кард.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 68

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.