Чаро моякӯбии духтарон бар зидди вируси папилломаи одам муҳим аст?

Нодира Собирзод, махсус барои Asia-Plus

Вируси папилломаи одам (ВПО) барангезандаест, ки пӯсти инсон ва луобпардаи узвҳои гуногуни бадан, аз ҷумла гарданаки бачадон, ҳамчунин қисми узвҳои берунаи таносули занона ва мардонаро сироят намуда, ҳар сол боиси марги садҳо нафар мешавад. Табибон мегӯянд, моякӯбӣ метавонад гирифторӣ ба ин бемориро ба таври назаррас коҳиш диҳад. Ҳамакнун, имкони моякӯбии ройгон дар Тоҷикистон фароҳам гардид. […]

Вируси папилломаи одам (ВПО) барангезандаест, ки пӯсти инсон ва луобпардаи узвҳои гуногуни бадан, аз ҷумла гарданаки бачадон, ҳамчунин қисми узвҳои берунаи таносули занона ва мардонаро сироят намуда, ҳар сол боиси марги садҳо нафар мешавад. Табибон мегӯянд, моякӯбӣ метавонад гирифторӣ ба ин бемориро ба таври назаррас коҳиш диҳад. Ҳамакнун, имкони моякӯбии ройгон дар Тоҷикистон фароҳам гардид.

 

“Гирифтори ин беморӣ буданамро намедонистам”

Парвонаи 34-сола (ном бо хоҳиши қаҳрамон иваз шудааст) чор моҳ қабл фаҳмид, ки ӯ гирифтори бемории саратони гарданаки бачадон шудааст. Вақте ба назди духтури бемориҳои занонаи шаҳри Турсунзода аз саломатиаш шикоят бурд, ӯро барои ташхис ба Душанбе фиристоданд.

“Маълум шуд, ки ба саратони гарданаки бачадон гирифтор шудаам. Табибон гуфтанд, ки дар марҳилаи дуюми беморӣ муроҷиат кардаам, яъне каме дер. Ҷарроҳӣ шудам ва бачадонамро гирифта, партофтанд”, – мегӯяд Парвона.

Ҳамакнун, Парвона ба табобат машғул аст, аммо табибон мегӯянд, ин бемориро метавон пешгирӣ кард.

 

Беморӣ табобатшаванда аст, аммо дер муроҷиат мекунанд

Нилуфар Муҳсинзода, мудири шуъбаи омосҳои узвҳои репродуктивии занонаи Маркази ҷумҳуриявии саратоншиносӣ гуфт, “ВПО вақте дар ҳуҷайраҳои гарданаки бачадони зан ҷойгир мешавад, онро тағйир дода, сабаби пайдошавии сарчашмаи инкишофи бофтаи нав мегардад. Ин марҳилаи пешазсаратонӣ буда, вобаста ба масунияти бадан тақрибан аз 7 то 15 сол ба саратони гарданаки бачадон табдил меёбад”.

Ба қавли ӯ, яке аз роҳҳои асосии пешгирии ин беморӣ моякӯбӣ аст. Роҳи дигар муоинаи тиббии пайваста будааст.

“Баъзе беморон, ки ҳамагӣ 30 сол доранд, мегӯянд, агар ба 7 сол ақиб мерафтам, ҳатман дар вақташ аз муоинаи тиббӣ мегузаштам”, – зикр мекунад Муҳсинзода.

Ба қавли ӯ аз соли 2021 дар ҷумҳурӣ ташхиси барвақтӣ (скрининг) ба роҳ монда шудааст, ки ба ин васила муайянсозии бемориҳои пешазсаратонӣ имконпазир аст.

“Саратони гарданаки бачадон сол то сол нисбат ба занони калонсол, дар ҷавонзанон бештар шудааст. Ҳоло ҷавонтарин зане, ки бо ин беморӣ сабт кардаем 24-сола аст”, – афзуд Муҳсинзода.

Ба иттилои ӯ, соли 2014 дар Тоҷикистон бори аввал омори гирифторони саратони гарданаки бачадон пешниҳод гардид, ки дар асоси он 288 зан ҳамчун бемор ба қайд гирифта шуда, 160 нафар аз олам гузаштаанд.

Дар соли 2024 ин теъдод афзудааст: 423 зан бо ин беморӣ бори аввал ба қайд гирифта шуда, шумораи фавт 224 нафарро ташкил додааст.

“Мутаассифона, теъдоди зиёди занони мо дар марҳилаи дер ба духтур муроҷиат мекунанд”, – мегӯяд Нилуфар Муҳсинзода.

 

Моякӯбӣ ройгон аст

Абдухолиқ Амирзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зимни нишасти матбуотӣ оид ба воридкунии ваксинаи зидди вируси папилломаи одам ба Тақвими миллии иммунизатсия гуфт, духтарҳои аз 10 то 14-сола ройгон моякӯбӣ мешаванд.

“Воксини чорвалентаи “Гардасил” ба Тоҷикистон бо маблағи 27 миллион сомонӣ ворид карда шуд. Чун қисме аз маблағро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ва ЮНИСЕФ медиҳанд, нархи он аз 55 то 57 сомонӣ аст. Нархи аслии як вояи он дар ширкати истеҳсолкунанда аз 200 то 250 евро мебошад”, – зикр кард Амирзода.

Ба қавли Дилшод Сайбурҳонов, сухангӯи “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”, теъдоди тақрибии духтарони синни 10-14-сола, ки бо моякӯбӣ бар зидди ВПО фаро гирифта мешаванд, ҳудуди 530 ҳазор нафар аст. Бо назардошти ин, аз ИМА ба Тоҷикистон 530 ҳазор вояи “Гардасил” ворид карда шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар яке аз марказҳои тиббии хусусии пойтахт ба мо гуфтанд, ки нархи як вояи “Гардасил” ҳудуди 4 ҳазору 500 сомонӣ аст.

 

Чаро аз 10 то 14?

Сайбурҳонов зикр намуд, ки моякӯбӣ бар зидди ВПО маҳз дар синни аз 10 то 14-солагӣ самараи бештар медиҳад ва дар бадани инсон системаи муҳофизатӣ беҳтар мешавад. Аз ин рӯ, қабули ин воя барои духтарони синну соли мазкур танҳо як маротиба тавсия дода мешавад.

Ӯ сабаби дер ба тақвими миллии иммунизатсионии кишвар ворид шудани ин вояро ба “набудани имкониятҳои иқтисодӣ” рабт дод.

 

Овозаҳо ва иҷозаи Ислом

Дар Тоҷикистон солҳои пеш ҳолатҳои саркашӣ аз моякӯбӣ бо назардошти эътиқоди динӣ низ мушоҳида гардидааст.

Азалшоҳ Шарифзода, узви Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, моякӯбӣ барои пешгирӣ аз беморӣ аз нигоҳи дини Ислом ҷоиз ва тавсия шудааст.

“Паёмбари Худо (с.)-ро аз дору пурсиданд, гуфт: “Дору ҳам тақдир аст”. Яъне табобат ҳам тақдир аст. Тақдир “хулоса” аст, ҳар чӣ гузашту рафт, он тақдир аст. Инсон ихтиёрӣ ҷаҳду талош дорад, ки онро “тадбир” мегӯянд. Пас, ба ҳама мушкилоте, ки бар сари инсон меояд, бояд тадбир кунад”, – зикр кард Азалшоҳ Шарифзода.

Равоншинос Нигина Мамадҷонова мегӯяд, сабаби саркашии баъзе аз сокинон овозаҳо аст.

“Овоза хеле ҳассос ва диққатҷалбкунанда буда, фавран ба зеҳни одамон таъсир мерасонад. Маълумоти илмии тиб барои мардуми одӣ мураккаб ва дар хотир нигоҳ доштани он мушкил аст. Аз ин лиҳоз, одамон ба овозаҳо бовар мекунанд ва баъзан зери таъсири хурофот аз табобат саркашӣ мекунанд”, – мегӯяд Мамадҷонова.

 

Нахустин моякӯбӣ бар зидди ВПО дар Тоҷикистон

Бино ба хабари 8-уми январи соли 2009 нашркардаи АМИТ “Ховар”, бори аввал моякӯбӣ бар зидди ВПО охири соли 2008 баргузор гардид. Он сол қариб 6 ҳазор донишҷӯдухтари курси 3 ва 4 -и Донишгоҳи давлатии тиббӣ, Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ бар зидди ВПО моякӯбӣ шуданд.

Муҳайё Шарифова, духтури маркази иммунопрофилактаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар соли 2008 бар зидди ВПО моякӯбӣ шудааст, гуфт, ӯ баъд аз қабули воя қариб ду рӯз ҳис кард, ки гӯё дасти чапашро аз об пур карда бошанд, дигар ориза набуд.

“Ҳоло соҳиби ду фарзандам. Ҳамсабақонам низ ҳама серфарзанданд, ҳатто соҳиби дугоник мебошанд. Ҳоло ду духтарам барои моякӯбӣ бар зидди ВПО ба гурӯҳи мақсаднок шомиланд. Тарафдорам, ки духтаронам низ мисли ман аз ин воя гиранд”, – мегӯяд ӯ.

Марианна Арипова, як сокини дигар ба мо гуфт, ки духтараш соли 2013 дар Канада бо машварати табибон бар зидди ВПО моякӯбӣ шуд. Ҳоло духтараш 26-сола ва солиму бардам аст.

Дилшод Сайбурҳонов мегӯяд, баъд аз гузаронидани моя шояд то як шабонарӯзи минбаъда ҳарорат баланд ва дар ҷойи сӯзандору дард эҳсос шавад. Дигар оризаҳо ба вуҷуд намеояд.

“Вояи мазкур ду намуди зиддинишондод дорад. Якумаш муваққатӣ аст. Агар духтаре дар рӯзи баргузории маърака бо бемории сироятӣ, аз қабили зуком дардманд шавад ё аз бемории соматикӣ (дарунӣ) табобат мегирифта бошад бошад, пас ба таври муваққатӣ аз моякӯбӣ озод карда мешавад”, – шарҳ дод Сайбурҳонов.

Нилуфар Муҳсинзода мегӯяд, ба ҳар гуна овозаву маълумоти нодуруст набояд бовар кард ва сари вақт аз ташхис гузашта, моякӯбӣ кард, баъд дер нашавад.

Мисли Парвона, ки бо сабаби дер муроҷиат кардан, ҳоло дар марҳилаи дуюми бемории саратони гарданаки бачадон аст ва табобати нурӣ мегирад.

“Давоми 4 моҳи беморӣ барои табобат ва доруҳо тақрибан 40 ҳазор сомонӣ маблағ харҷ намудам. Минбаъд чӣ қадар маблағ сарф мешавад, танҳо ба Худо аён аст. Вале ман барои фарзандонам талош хоҳам кард”, – мегӯяд Парвона.

Ӯ таъкид мекунад, ки хабари оғози моякӯбӣ зидди ВПО шунида шод шудааст, зеро “духтараш аз ин воя мегирад ва аз беморие, ки дар вуҷудаш ҳаст, худро пешгирӣ мекунад”.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Даст ба амалҳои ношоиста мезананд”. Интиқоди додситони Суғд аз кирдори баъзе зердастонаш

Ду моҳ пеш додситони шаҳри Хуҷанд дар пайи муноқиша бо молики тарабхонаи “Парламент”-и шаҳр аз вазифа барканор шуда буд.

Баъд аз эълони созиши оташбас. Расонаҳо аз зарба ба полоишгоҳи Лавон ва ҳамлаи Эрон ба Кувайту Иморот хабар медиҳанд

Ин дар ҳолест, ки Эрон ва Иёлоти Муттаҳида субҳи имрӯз бар сари оташбаси дуҳафтаӣ ба созиш расиданд.

Кумитаи дин аз қаллобӣ дар сафари ҳаҷ ва сарсонии “ҳоҷиҳои тоҷик бо ҳуҷҷатҳои сохта” хабар дод

Ин ниҳод ба шаҳрвандон ҳушдор додааст, ки ба ширкатҳои сайёҳиву миёнаравҳо бовар накунанд.

“Се моҳ боз ҷустуҷӯ дорем”. Як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бедарак шудааст

Талошҳои хонаводааш барои дарёфти ӯ то ҳол бенатиҷа будааст.

Тоҷикистон аз созиши оташбас миёни Эрон ва Амрико истиқбол кард

Тоҷикистон аз тарафҳои даргир хостааст, ки аз истифодаи қувваи низомӣ даст кашанд.

Ду нишони биринҷӣ ва роҳхат ба даври ниҳоӣ. Дастоварди муштзанони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё

Дар ин мусобиқот беш аз 230 варзишгар аз 25 кишвари саросари дунё ширкат доранд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 62

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ведомости”: Соли гузашта 950 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба Русия рафтаанд

Ду кишвар ба ҷорисозии низоми ҷалби муташаккилонаи муҳоҷирон омодагӣ мегиранд.

Амрико ва Эрон бо оташбаси дуҳафтаӣ мувофиқат кардаанд

Исроил онро пуштибонӣ кард, аммо мегӯяд, он Лубнонро дар бар намегирад