Қазоқистон “Толибон”-ро аз рӯйхати ташкилотҳои мамнуъ дар ин кишвар берун кардааст

Мақомоти Қазоқистон тасмим гирифтанд, ки “Толибон”-ро* аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ дар кишвар хориҷ кунанд. Дар ин бора Айбек Смадияров, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ба хабаргузории «Казинформ» хабар додааст. Ба гуфтаи ӯ, дар Қазоқистон мунтазам феҳристи миллии созмонҳои террористии дар кишвар мамнӯъро бо мақсади мубрамият бознигарӣ мекунанд. "Дар доираи ин раванд тасмим гирифта шуд, […]

Asia-Plus

Мақомоти Қазоқистон тасмим гирифтанд, ки “Толибон”-ро* аз рӯйхати созмонҳои мамнӯъ дар кишвар хориҷ кунанд. Дар ин бора Айбек Смадияров, намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон ба хабаргузории «Казинформ» хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар Қазоқистон мунтазам феҳристи миллии созмонҳои террористии дар кишвар мамнӯъро бо мақсади мубрамият бознигарӣ мекунанд.

"Дар доираи ин раванд тасмим гирифта шуд, ки ҳаракати “Толибон” тибқи амалияи СММ аз он хориҷ карда шаванд. Ҳамин тариқ, тибқи қатъномаҳои Шӯрои Амнияти СММ, ки ҳатмӣ мебошанд, ҷунбиши “Толибон” ба феҳристи созмонҳое, ки Шӯрои Амнияти Созмони Милал ҳамчун террорист эътироф кардааст, шомил нест”, – гуфтааст Смадияров.

Дар робита ба ҳамкории дипломатӣ бо ин созмон, намояндаи расмии ВКХ Қазоқистон гуфтааст, Қазоқистон дар оянда ҳам қарору қатъномаҳои қабулкардаи Шӯрои амният ва Маҷмаъи умумии СММ-ро  қатъан риоя хоҳад кард.

Ҳаракати “Толибон”, ки моҳи августи соли 2021 дар Афғонистон ба сари қудрат омаданд, саъй доран, бо кишварҳои мухталиф, аз ҷумла бо Қазоқистон равобити дипломатӣ барқарор кунанд ва худро дар назари ҷомеаи ҷаҳонӣ тағйирёфта нишон диҳанд.

Шӯрои Амнияти СММ соли 2003 “Толибон”-ро ба феҳристи созмонҳои террористӣ шомил кард. Соли 2005 ин ҷунбишро Додгоҳи олии Қазоқистон террористӣ эълон кард.

Бояд гуфт, ки ҳаракати “Толибон” дар Тоҷикистон ҳам бо қарори Додгоҳи олӣ аз соли 2006 ҳамчун ташкилоти террорисӣ эътироф шудааст ва кишвари мо ягона давлатест, ки бо ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон умуман робитаи сиёсӣ ва дипломатӣ надорад. Ҳарчанд додугирифтҳое дар сатҳи тиҷоратӣ вуҷуд дорад.

*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо – «Афғонистон» бихонед.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.

Дафтари САҲА дар Душанбе “Азия-Плюс”-ро ба 30-солагиаш табрик кард

Ин созмон саҳми расонаи моро дар рушди журналистика дар кишвар муҳим арёзбӣ кард.