Эрон ба номаи Доналд Трамп тавассути Уммон посух додааст

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон рӯзи 27-уми март, ба хабаргузории давлатии ИРНА гуфтааст, кишвараш ба мактуби фиристодаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико посухи расмӣ гардонидааст ва тавассути давлати Уммон ирсол намудааст. “Ин посухи расмӣ шомили номае аст, ки дар он нуқтаи назари мо дар робита ба вазъи феълӣ ва номаи Трамп ба таври комил шарҳ […]

Asia-Plus

Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон рӯзи 27-уми март, ба хабаргузории давлатии ИРНА гуфтааст, кишвараш ба мактуби фиристодаи Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико посухи расмӣ гардонидааст ва тавассути давлати Уммон ирсол намудааст.

“Ин посухи расмӣ шомили номае аст, ки дар он нуқтаи назари мо дар робита ба вазъи феълӣ ва номаи Трамп ба таври комил шарҳ дода шуда ва ба маълумоти тарафи муқобил расонида шудааст”, – гуфтааст Аббос Ароқчӣ.

Сомонаи иттилоотии "Axios" бо истинод ба манобеи худ навишт, ки мақомҳои Умон дар бораи посухе, ки аз Эрон гирифтаанд, Амрикоро огоҳ кардаанд ва дар "рӯзҳои оянда" номаи ҷавобиро ба Кохи Сафед мерасонанд.

Аммо муҳтавои номаи ҷавобии Эрон маълум нест.

Бояд гуфт, Доналд Трамп оғози моҳи март дар гуфтугӯ бо шабакаи "Fox News" зикр кард, ки ба Саид Алии Хоманаӣ, пешвои исломии Эрон нома фиристода, пешниҳоди гуфтугӯҳои мустақим кардааст.

Номаи Трампро Анвар Қарқош, мушовири раиси Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар умури сиёсати хориҷӣ, дар Теҳрон бо Аббос Ароқчӣ супурд.

Баъзе аз расона бо такя ба манобеи худ навиштанд, ки дар номаи худ Трамп аз Эрон хостааст вориди музокирот шавад ва бо ИМА созиш бандад. Барои ин ду моҳ муҳлат додааст.

Мақомҳои Эрон, аз ҷумла Хоманаӣ ва Масъуд Пизишкиён, раиси ҷумҳури ин кишвар дар шарҳҳои алоҳида муҳтавои мактуби Трампро “зӯргӯӣ” номида, таъкид карданд, ки ба ин шева наметавон Эронро маҷбур ба гуфтугӯ кард.

Ёдовар мешавем, ки соли 2015 Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ ба созиши ҳастаӣ бо номи Барномаи Ҷомеи Иқдоми Муштарак ё БАРҶОМ, даст ёфтанд, аммо Трамп соли 2018 қарори хуруҷи Амрико аз ин созишро имзо кард.

Амрико даҳсолаҳо ин ҷониб даъво дорад, ки Эрон мехоҳад ба яроқи ҳастаӣ даст ёбад ва аз ин лиҳоз, нисбати ин кишвар таҳримҳо ҷорӣ кардааст. Эрон мегӯяд, барномаи ҳастаияш ҳадафҳои сулҳомез дорад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.