Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе як навраси 12-соларо ба ҳуҷраи кориашон оварда, ӯро муддати се рӯз дар онҷо нигоҳ медоранд. Дар ҳамин ҳол, навраси 12-сола ба хотири гирифтани гувоҳии зарурӣ нисбати гумонбарон ба ифротгароӣ лату кӯб шудааст. Модари навраси ҷабрдида Инобат Яъқубова бо писараш ба идораи ОИ «Азия-Плюс» омада, дар ин бора хабар дод.
Ӯ зикр кард, ки ин ҳодиса ҳанӯз 25 августи соли равон ба вуқӯъ пайваста, аммо танҳо чанде қабл ҳимоятгар ба ин қазия пайваста, аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ тафтиши ин ҳодисаро тақозо дорад.
Зан ҳикоят кард, ки санаи зикршуда писараш ба дарси навбатӣ аз забони арабӣ хонаи омӯзгораш меравад, вале ногаҳон ба хона кормандони хадамоти махсус ворид шуда, омӯзгору як шиносаш ва писари ӯро ба гумони узвият дар созмони мамнӯъи «Ҳизб-ут-Таҳрир» боздошт ва ба бинои Раёсати КДАМ-и пойтахт меоранд ва то 28-уми август нигоҳ медоранд.
Ба қавли вай, пас аз раҳо шудани писараш аз боздоштгоҳ, ӯ дар бадану рӯи вай осори захму харошро мушоҳида мекунад. «Ба суоли ман дар хусуси аз куҷо пайдо шудани онҳо, писарам посух дод, ки ӯро корманди фаврии КДАМ лату кӯб карда, талаб доштааст, ки муқобили «ифротгароён»-и эҳтимолӣ баёнот диҳад», – иброз дошт модари наврас.
Худи наврас чунин ҳикоят кард: «Дар ҳуҷраи кории корманди фаврӣ, ки онҷо чанде аз ҳамтоҳояш низ ҳузур доштанд, ӯ талаб кард, ки ман дар бораи паҳн кардани варақаҳои мамнӯъшуда ва барои дарс аз ман маблағи пулӣ талаб кардани омӯзгор гувоҳӣ диҳам,ҳарчанд ӯ ба ман бепул таълим медод. Ҳамзамон маро лату кӯб карда, ба фарш ҳаво медоданд ва ман аз тарсу дард маҷбур шудам, ки ба онҳо итоат кунам».
Гузашта аз ин, мегӯяд Инобат Яъқубова, баъди як моҳ ин воқеа ҳамон корманди фаврӣ боз ба хонаи онҳо омада, субҳ ҳангоми дар манзил набудани соҳибхона писараш ва духтари 17-солаашро аз ҷойгоҳи хоб хезонида, бо худ мебарад. »Фарзандони маро ӯ муддати ду рӯз дар бинои Раёсати КДАМ нигоҳ дошт. Ин дафъа ҳам ӯ додани баёнот алайҳи омӯзгорро талаб намуда, аз духтарам тақозо кардааст, ки ӯ ба додани 5 ҳазор доллари ИМА ба омӯзгор гувоҳӣ диҳад», – гуфт ӯ.
Модари наврас ҳамчунин хабар дод, ки пас аз муроҷиати ӯ ба Прокуратураи генералӣ дар бораи амалҳои ғайриқонунии корманди КДАМ, прокуратура мустақилона далелҳоро насанҷида, шикояти ӯро бозпас ба КДАМ фиристодааст.
«Муфаттиши КДАМ маро даъват карда, таҳдид намуд, ки агар ман аз шикояти худ даст накашам, писарамро ба муассисаи ислоҳиии махсус фиристода, духтарамро ба зиндон маҳкум мекунад. Аз ин рӯ, ман аз тарс аз шикояти худ даст кашидам», – мегӯяд Яъқубова.
Ба қавли ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Шӯҳрат Қудратов, айни замон ӯ бо дархости оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати корманди КДАМ барои содир намудани амалҳои ғайриқонунӣ, аз қабили боздошт, интиқол ва нигоҳдории ғайриқонунии афроди ноболиғ бидуни ҳузури волидайн ва ҳимоятгар ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат кардааст.
«Умедворам, ки дархости ман ҳамаҷониба ва ба таври воқеъбинона баррасӣ шуда, чораҳои дахлдори қонунӣ андешида мешаванд ва гунаҳкор ҷазои сазовор мегирад», – таъкид кард Қудратов.
Дар ҳамин ҳол, ОИ «Азия-Плюс» аз сардори Раёсати Прокуратураи генералии ҶТ оид ба назорати иҷрои қонуният дар КДАМ Муҳаммадҷон Хайруллов дархост намуд, ки ин қазияро шарҳу тавзеҳ бидиҳад, аммо ӯ аз шарҳ худдорӣ варзида, маслиҳат дод, ки «расман ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат намоед», ки ояндаи наздик мо ин короо анҷом доданием. Ҳамзамон ОИ «Азия-Плюс» ҷараёни қазияро пайгирӣ хоҳад намуд.
Дар акс навраси ҷабрдида (акс аз ҷониби модари наврас пешниҳод шуд).





