Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятӣ (СИҶ)-и Вазорати адлияи Тоҷикистон маълумоти нашршуда дар ВАО бо такя ба гуфтаҳои Маҳмурод Ризоев, падари маҳбус Исматулло Ризоев оид ба дар ҳолати вазнин қарор доштани писараш дар муассисаи ислоҳӣ ва тамоман ба ӯ таваҷҷуҳ зоҳир нашуданро рад мекунад.
Ба қавли муовини сардори Сарраёсати мазкур Илҳом Маҳмудов, пас аз интишори хабар дар ВАО, ӯ ба сардори муассисаи ислоҳии Хуҷанд Диловар Арабов ҷиҳати расидагӣ ба ин қазия супориш дода, аз ӯ посух гирифтааст, ки «вазъи маҳбус Исматулло Ризоев хуб аст».
«Ба ман хабар доданд, ки айни замон вазъи ӯ хуб буда, ба кӯмаки тиббӣ ниёз надорад. Ман ҳамчунин ба Раёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии вилоят низ супориш додам, ки дубора ин далелро мавриди санҷиш қарор диҳанд», – таъкид дошт вай.
Маҳмудов зикр кард, ки муҳлати карантини маҳбусони аз Душанбе ба муассисаи ислоҳии Хуҷанд интиқолгардида пагох 21-уми ноябр ба итмом расида, дидори онҳо бо наздиконашон имконпазир мегардад. «Ман бо модари С.Ризоев тамос гирифта, ӯро бовар кунонидам, ки ӯ низ пагоҳ метавонад бо писараш гуфтугӯ карда, худаш аз хуб будани вазъи писараш эътимод ҳосил намояд», – иброз дошт номбурда.
Ҳамчунин муовини сардори Сарраёсат далели гуфтугӯи телефонии М.Ризоев бо писарашро зери шубҳа гузошт. «Ман инкор намекунам, ки сарфи назар аз манъкуниҳо, дар қисмати зисти муассисаи ислоҳӣ маҳбусон аз телефони ҳамроҳ (мобилӣ) истифода мекунанд, вале дар қисмати карантини муассиса ин ғайриимкон аст», – афзуд Маҳмудов.
Ёдрас мекунем, ки Маҳмурод Ризоев, падари яке аз маҳкумшудагони муассисаи ислоҳии №1, ки чанде қабл ба Хуҷанд фиристода шуд, иттилоъ дод, ки рӯз то рӯз вазъи саломатии писараш бад гардида, вале маъмурияти муассисаи ислоҳии Хуҷанд баҳри кӯмак ба ӯ ҳеҷ тадбире намеандешад.
«Зимни суҳбати телефонӣ бо писарам Суннатулло Ризоев ӯ изҳор дошт, ки пас аз лату кӯб хунравии дохилӣ дар ҷисмаш оғоз гардида, ӯро ба қисми тиббӣ нафиристодаанд ва ҳатто ба вазъи солимии ӯ умуман ҳеҷ таваҷҷуҳе намекунанд», – гуфт вай.
М.Ризоев ба ОИ «Азия-Плюс» сабти аудиои суҳбати телефонӣ бо писарашро пешниҳод намуд. Дар ин сабт С.Ризоев огоҳ мекунад, ки «агар ӯ зинда намонад, ба фарзияи худкушӣ ё ҳодисаи нохуш бо ӯ бовар накунанд».
Маҳмурод Ризоев таъкид дошт, ки писараш барои яке аз шоҳидони марги Ҳамза Икромзода будан ба чунин вазъ гирифтор шуд, зеро ҳақиқатро рӯйпӯш карданӣ набуд. «Ҳангоме ки муфаттишони парвандаи марги Ҳ.Икромзода ба муассиса омаданд, писари ман ошкоро изҳор кард, ки бо чашмони худ дидааст, ки чӣ гуна Ҳамзаро то ҳалок шудан лату кӯб кардаанд ва нишондоҳои худро иваз карданӣ нест», – мегӯяд падари маҳбус.
Ӯ мутмаин аст, ки маҳз бо ҳамин сабаб ҳукуматдорон маҳбусонро ба муассисаи ислоҳии минтақаи шимоли кишвар фиристоданд, харчанд муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Илҳом Маҳмудов иброз медорад, ки интиқоли маҳбусон «тибқи нақша» сурат гирифт.





