Нахуствазирони Қазоқистону Тоҷикистон масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд

Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Хабаргузории «Казинформ» иттилоъ медиҳад, ки дирӯз дар шаҳри Остона боздиди кории нахуствазирони Қазоқистону Тоҷикистон Карим Масимов ва Оқил Оқилов баргузор гаштааст. Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносиботи ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои гуманитариву фарҳанг ва тиҷоративу иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд. Ба масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, […]

root


Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Хабаргузории «Казинформ» иттилоъ медиҳад, ки дирӯз дар шаҳри Остона боздиди кории нахуствазирони Қазоқистону Тоҷикистон Карим Масимов ва Оқил Оқилов баргузор гаштааст.




Гуфта мешавад, ки ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои муносиботи ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаҳои гуманитариву фарҳанг ва тиҷоративу иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд.



Ба масоили ҳамкорӣ дар бахшҳои энергетика, истифодаи захоири маводи сӯзишворӣ, сохтмони хати интиқоли барқ миёни кишварҳо тавассути Қирғизистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардид.



Нахуствазирон изҳори боварӣ намуданд, ки сатҳи ҳусни тафоҳуми мавҷуда миёни кишварҳо минбаъд шароит фароҳам хоҳад сохт, ки сатҳи ҳамкориҳо бештар таҳкиму густариш ёбанд.


Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.