Таваҷҷуҳи корфармоёни Новосибирск ба муҳоҷирони кории тоҷик

Аввали моҳи феврали соли оянда баргузории вохӯрии кормандони намояндагии Хададмоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия бо раҳбарони корхонаву ташкилотҳои вилояти Новосибирск дар назар аст. Тавре аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, дар мулоқоти корманди намояндагӣ Муҳаммадӣ Давлатов бо директори филиали КВДФ «Хизматгузории шиносномадиҳиву раводид»-и Новосибирск Владимир Постников чунин тасмим гирифта шуда, ҳамчунин роҳандозии […]

Аваз Юлдошев


Аввали моҳи феврали соли оянда баргузории вохӯрии кормандони намояндагии Хададмоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия бо раҳбарони корхонаву ташкилотҳои вилояти Новосибирск дар назар аст.

Тавре аз намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия хабар доданд, дар мулоқоти корманди намояндагӣ Муҳаммадӣ Давлатов бо директори филиали КВДФ «Хизматгузории шиносномадиҳиву раводид»-и Новосибирск Владимир Постников чунин тасмим гирифта шуда, ҳамчунин роҳандозии фаъолияти қонунии муҳоҷирини корӣ дар қаламрави вилоят ва ҳифзи ҳуқуқи онҳо баррасӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот В.Постников ба ҳамкории марбут ба фаъолияти муҳоҷирони кории тоҷик дар ҳама гуна самтҳо изҳори омодагӣ намудааст.

Зимнан зикр гардид, ки бо пешниҳоди қабули муҳоҷирони тоҷик ба кор дар соли оянда ба намояндагӣ як қатор корхонаҳои вилояти Кемерово, аз ҷумла ҶДММ «Стройиндустрия», ҶДММ «Кузбасский скарабей» ва ҶСК «КОРМЗ» муроҷиат намудаанд.

Бино ба маълумоти намояндагӣ, айни замон дар қаламрави вилоятҳои Новосибирск ва Кемерово якчанд бригадаҳои сохтмонии муҳоҷирони кории тоҷик фаъолият дошта, ҳамватанони мо ҳамчунин дар бахшҳои саноату нақлиёт ва тиҷорату хизматгузорӣ машғули кор мебошанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.