Таҷлили ҷашни пуршукуҳи Рӯзи Парчами миллӣ дар пойтахт

Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон, ки аз соли 2009 ҳамасола санаи 24-уми ноябр таҷлил мегардад, пуршукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта соати 10-и субҳ дар чор ноҳияи пойтахт раҳпаймоии идонаи сокинони шаҳр доир мегардад, ки дар он […]

Аваз Юлдошев


Дар шаҳри Душанбе Рӯзи Парчами миллии Тоҷикистон, ки аз соли 2009 ҳамасола санаи 24-уми ноябр таҷлил мегардад, пуршукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.

Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта соати 10-и субҳ дар чор ноҳияи пойтахт раҳпаймоии идонаи сокинони шаҳр доир мегардад, ки дар он беш аз 8 ҳазору 500 нафар душанбегиҳо ширкат хоҳанд варзид.

Ба иттилои манбаъ, иштирокчиёни ин чорабинӣ аз кӯчаҳои шаҳр гузашта, то Майдони Парчами давлатии Тоҷикистон роҳпаймоӣ мекунанд. Соати 11 дар майдони мазкур бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар консерти идона баргузор мешавад.

«Дар ин рӯз дар пойтахт ҳамчунин мусобиқаи варзишии «Веломарафон» тибқи хатсайри муайян дар масофаи 35 км доир гардида, шаҳр бо овезаву шиорҳои идона оро дода мешавад ва ба муносибати ҷашн намоишгоҳу конфронс ва мизҳои гирд созмон дода мешаванд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки нақлиёти ҷамъиятии шаҳрӣ бо нишон ва ронандагони онҳо бо  нишони сарисинагӣ – рамзи Парчами давлатии Тоҷикистон таъмин карда хоҳанд шуд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Ман чӣ хел барои Лоиқ насӯзам?”. Гулрухсор аз Лоиқ Шералӣ ва як насли шаҳрофар ҳарф зад

Аз аввалин шиносоӣ ва охирин гулгузорӣ дар сари мазораш ҳам ёд овард.

Аҳолии Тоҷикистон дар се моҳ қариб 50 ҳазор зиёд шудааст

Дар ин давра таваллуд коҳиш ёфта, фавт афзудааст.

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.