HRW: Аз вазъи бади шиканҷа нуфузи Тоҷикистон коҳиш меёбад

Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) аз Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Кэтрин Эштон дархост кардааст, ки зимни сафар ба Осиёи Марказӣ аз озодии фаъолони ғайриқонунӣ  маҳкумшуда даъват ба амал оварад. Дар изҳороти пахшшудаи созмон гуфта мешавад, дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ ҳомиёни ҳуқуқи сершумор, намояндагони зиёди ҷомеаи […]

ASIA-Plus


Созмони байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) аз Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо оид ба сиёсати хориҷӣ ва амният Кэтрин Эштон дархост кардааст, ки зимни сафар ба Осиёи Марказӣ аз озодии фаъолони ғайриқонунӣ  маҳкумшуда даъват ба амал оварад.

Дар изҳороти пахшшудаи созмон гуфта мешавад, дар саросари минтақаи Осиёи Марказӣ ҳомиёни ҳуқуқи сершумор, намояндагони зиёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолони нерӯҳои мухолиф барои роҳандозии фаъолияти осоишта зиндонӣ шуда, созмонҳои ҳомии ҳуқуқ бо маҳдудиятҳо, таъқибот ва ба ҳабс гирифтан аз ҷониби ҳукумат дучоранд.

Дар изҳороти HRW аз вазъи ногувори мавриди таъқиботу шиканҷа ва дар асорат нигоҳ дошта шудани намояндагони созмонҳои ҳомиёни ҳуқуқ дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ шуда, зикр мегардад, ки аз вазъи мунтазам ногувори коррупсия ва афзоиши сатҳи авторитаризм нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ коҳиш меёбад. «Чанде қабл ҳукумати кишвар маҷбур кард, ки фаъолияти созмони ҳомии ҳуқуқ, ки ба мушкилоти бартараф сохтани шиканҷа машғул буд, қатъ карда шавад», – омадааст дар изҳорот.

Интизор меравад, ки сафари Кэтрин Эштон ба Қирғизистону Қазоқистон ва Тоҷикистону Ӯзбекистон бори нахуст ба сифати Намояндаи Олии Иттиҳоди Аврупо аз 26 то 30-юми ноябр доир гардад. Ӯ ҳамчунин бо мансабдорони воломақоми Туркманистон низ оид ба ин масъала гуфтушунид хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ҷасади ду кӯдакро баъди 6 рӯзи бедаракшавӣ дар кӯҳҳо аз чуқурие пайдо кардаанд

Ин ду бародар барои чаронидани гов ба кӯҳ рафта гум шуда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 92

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 майи соли 2026

Аз консерти Толибхон Шаҳидӣ то зодрӯзи Нигина Рауфова ва Рӯзи ҷаҳонии гуногунрангии фарҳангӣ.

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.