Маърӯзаи раиси ҲНИТ дар конфронси «Ислом дар Осиёи Марказӣ»

Дар шаҳри Лондон бо ибтикори Институти омӯзишҳои исломӣ ва арабии донишгоҳи Эгзетер таҳти унвони «Ислом дар Осиёи Марказӣ» конфронс баргузор гуардида, дар он раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ суханронӣ намуд. Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, меҳварҳои асосии суханронӣ аз равандҳои муҳими ин минтақа дар иртибот бо дин, роҳҳои муқобала бо ифротгароӣ […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Лондон бо ибтикори Институти омӯзишҳои исломӣ ва арабии донишгоҳи Эгзетер таҳти унвони «Ислом дар Осиёи Марказӣ» конфронс баргузор гуардида, дар он раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ суханронӣ намуд.

Тавре аз қароргоҳи марказии ҲНИТ хабар доданд, меҳварҳои асосии суханронӣ аз равандҳои муҳими ин минтақа дар иртибот бо дин, роҳҳои муқобала бо ифротгароӣ ва вазъи Осиёи Марказӣ пас аз хурӯҷи неруҳои НАТО аз Афғонистон иборат буд.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафар ба Лондон инчунин дар Маркази таҳлилии «Chatham House» мулоқоти раиси ҲНИТ бо коршиносон ва дипломатҳои муқими Лондон баргузор гардидааст.

Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин Муҳиддин Кабириро муовини роҳбари Департаменти Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказии Вазорати корҳои хориҷии Британия хонум Дайен Мак Келвей ва сафири Финландия дар Тоҷикистон хонум Туула Юрелу ба ҳузур пазируфта, дар вохӯриҳо масоили марбут ба ҳамкории кишварҳо ва вазъи минтақаи Осиёи Марказӣ  баррасӣ шудаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.