Имрӯз Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СУС мешавад

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) оид ба масъалаи дохилшавии Тоҷикистон ба он иштирок ва суханронӣ менамояд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маросими шомил шудани Тоҷикистон ба узвияти СУС намояндагони тамоми кишварҳои аъзо, давлатҳои нозир ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ширкат […]

Аваз Юлдошев


Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария дар ҷаласаи Шӯрои генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) оид ба масъалаи дохилшавии Тоҷикистон ба он иштирок ва суханронӣ менамояд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар маросими шомил шудани Тоҷикистон ба узвияти СУС намояндагони тамоми кишварҳои аъзо, давлатҳои нозир ва ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ширкат меварзанд.

Қобили зикр аст, ки то имрӯз 157 кишвари ҷаҳон аъзои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мебошанд ва бо шомил шудани Тоҷикистон шумораи давлатҳои аъзои созмон ба 158 адад мерасад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти зарурият ва моҳияти узвият дар ин созмон, соли 2001 ба Котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мактуби дархостиро оид ба аъзо шудан ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ирсол намуд ва Шӯрои Генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар ҷаласаи худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми кишвари нозирро пешниҳод намуд ва Гурӯҳи корӣ оид ба баррасии масъалаи дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо таъсис дода шуд. Аз соли 2001 то ба имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари нозир дар ҷаласаҳои Шӯрои генералии созмони мазкур иштироки фаъолона дошт.

Рӯйдоди таърихӣ – маросими дохилшавии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Имрӯз, 10 декабри соли равон дар қароргоҳи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар шаҳри Женева баргузор мегардад.

Дар назар аст, ки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи баргузории ҷаласаи Шӯро бо Директори генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Паскал Лами мулоқоти хоса анҷом медиҳад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 257 баробар афзуд

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.