Мулоқоти хоссаи Эмомалӣ Раҳмон бо директори генералии СУС

Дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Лами мулоқоти хосма анҷом дод. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози суҳбат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Паскал Лами, Котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва ҳамаи соохторҳою шахсоне, ки дар раванди воридшавии Тоҷикистон ба ин созмон иштироки […]

ASIA-Plus


Дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Лами мулоқоти хосма анҷом дод.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар оғози суҳбат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Паскал Лами, Котиботи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва ҳамаи соохторҳою шахсоне, ки дар раванди воридшавии Тоҷикистон ба ин созмон иштироки фаъол доштанд арзи сипос карда, бо хушнудӣ изҳор дошт: “воридшавии кишвари мо ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оғози марҳилаи нави созандагӣ ва идомаи ислоҳоти конструктивӣ дар тамоми бахшҳои иқтисоди миллӣ, бахусус дар такмил додани низоми тиҷорати озоду шаффоф мебошад”.

Ҷонибҳо аз ҳамкории судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, густариши робитаҳои Тоҷикистонро бо Созмони умумиҷаҳонии савдо дар рушду инкишофи минбаъдаи иқтисоди кишвар муҳиму муассир арзёбӣ карданд.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки “Тоҷикистон узвият ба ин Созмони бонуфузро ҳамчун имконоти фарох барои таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум самаранок истифода мекунад”.

Президенти Тоҷикистон ҳамчунин таъкид дошт: «мо умедворем, ки дар оянда низ Тоҷикистон аз машварату маслиҳатҳои пайвастаи Котиботи Созмон истифода намуда, аз дастгирии пайвастаи он дар ин самти басо муҳим баҳравар мегардад.

Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Лами сарвари давлати Тоҷикистонро бо ин рӯйдоди фараҳбахш табрику таҳният гуфта, воридшавӣ ба ин созмонро барои Тоҷикистон оғози марҳилаи нави рушди босуботи иҷтимоию иқтисодӣ номид ва изҳор дошт, ки мо омодаем дар дигар соҳаҳо низ ба Тоҷикистон кумак ва мусоидат намоем. Паскал Лами иштироки Эмомалӣ Раҳмонро дар маросими воридшавии Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо нишонаи тавваҷҷуҳи хосаи ӯ ба ин раванд ва ба таъмини рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар маънидод кард.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон аз Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии савдо Паскал Лами даъват намуд, ки ба Тоҷикистон бо сафари расмӣ ташриф биёрад. Даъват бо хушнудӣ пазируфта шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.