Ноиби директори минтақавии БРСММ дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон

Нимаи дуюми имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби директори минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Ҷаҳан Султаноглуро ба ҳузур пазируфт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, қабл аз ҳама бо Барномаи рушди он, […]

ASIA-Plus


Нимаи дуюми имрӯз президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ноиби директори минтақавии Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) Ҷаҳан Султаноглуро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, қабл аз ҳама бо Барномаи рушди он, баррасӣ шуд.

Ба иттилои манбаъ, таваҷҷуҳи асосӣ ба татбиқи босамари чорабиниҳои бахшида ба Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва иқдоми ҷаҳонии «Энергияи устувор барои ҳама» зоҳир гардид.

Бо таваҷҷуҳи хоса ба масоили омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ доир ба об, ки таҳти васоёи СММ моҳи августи соли оянда дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, изҳори боварӣ карда шуд, ки ин чорабинии муҳим ба ҳалли мушкилоти глобалӣ дар ин соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.

Дар мулоқот ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ сурат гирифт.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

РАСМАН: Иди Қурбон рӯзи 27-уми май таҷлил мешавад

Ба ин муносибат, сокинони кишвар 1 рӯз истироҳат мекунанд.

Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯяд, дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор Морхӯр мавҷуд аст

Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ки соли 2027 Рӯзи байналмилалии Морхӯр дар Тоҷикистон таҷлил карда шавад.

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз зодрӯзи устод Қаноат, яке аз устуритарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.