Душанбе. 27-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Дар зарфи 9 моҳи соли равон даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи амволи давлатӣ ба 16,9 млн. сомонӣ (ҳудуди $5 млн.) баробар шуд.
Раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Фаррух Ҳамралиев изҳор дошт, ки даромади буҷаи ҷумҳурӣ аз ҳисоби хусусигардонӣ ва истифодаи амволи ҷумҳуриявӣ 10,8 млн. сомониро (беш аз $3,176 млн.) ташкил додааст.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин давра 53 ғолиби тендерҳо бо иҷрои ҳамаи муқаррароти шартнома ба иқтисоди кишвар 49 млн. сомонӣ ($14 млн. 411 ҳазор) маблағ сармоягузорӣ намуда, ҳамзамон 2 ҳазору 620 ҷойи кори нав ташкил карданд. «15 ғолиби тендер таҳти назорати кумита қарор дошта, ӯҳдадор шуданд, ки то ахири сол ҳамаи муқаррароти шартномаҳоро ба иҷро хоҳанд расонд», – афзуд Ф.Ҳамралиев.


