Оғози мурофиаи судии собиқ роҳбари корхонаи «Заря Востока»

Ҳафтаи равон дар вилояти Суғд мурофиаи судӣ нисбат ба собиқ директори генералии корхонаи «Заря Востока» оғоз гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур, судяи шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) Умедҷони Раҳматҷонӣ хабар дод, айни замон бинобар сабаби аз ҷониби суд таъин шудани ташхиси маҷмӯавии муҳосибӣ дар Вазорати адлияи ҶТ, баррасии парванда муваққатан боздошта шудааст. «Пас […]

Мавлуда Рафиева


Ҳафтаи равон дар вилояти Суғд мурофиаи судӣ нисбат ба собиқ директори генералии корхонаи «Заря Востока» оғоз гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи мазкур, судяи шаҳри Истиқлол (собиқ Табошар) Умедҷони Раҳматҷонӣ хабар дод, айни замон бинобар сабаби аз ҷониби суд таъин шудани ташхиси маҷмӯавии муҳосибӣ дар Вазорати адлияи ҶТ, баррасии парванда муваққатан боздошта шудааст. «Пас аз дастрас кардани хулосаи ташхис баррасии парванда идома хоҳад ёфт», – гуфт вай.

«Собиқ директори генералии корхонаи «Заря Востока» Абдураҳим Расулов дар содир намудани ҷиноятҳои пешбинишуда мутобиқи моддаҳои 245, қ. 4 (Азонихудкунӣ ё камомад ба миқдори ниҳоят зиёд) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ айбдор карда мешавад. Ӯ дар азхудкунии ҳудуди 200 ҳазор сомонӣ маблағҳои давлатӣ муттаҳам дониста мешавад», – афзуд судя.

Собиқ вакили маҷлиси вакилони халқи шаҳри Истиқлол Абдураҳим Расулов дар вазифаҳои муовини нахуствазири ҶТ, муовини раиси вилояти Суғд, муовини раиси шаҳри Чкаловск ва раиси шаҳри Қайроққум фаъолият дошт.

Аз моҳи марти соли 2004 то замони боздошт вазифаи директори генералии КВД «Заря Востока»-ро ишғол мекард.

А.Расулов моҳи июли соли 2010 аз ҷониби кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ боздошт шуд. Бино ба маълумоти тафтишот, А.Расулов бо 6 нафар кормандони масъули ин корхона пешакӣ маслиҳат карда, тавассути таҳияи ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 1 млн. 716 ҳазору 598 сомониии корхонаро азхуд мекунанд. Мурофиаи судӣ нисбат ба кормандони дигари корхона баъдтар баргузор мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муъмин Қаноат: сардамдори шеъри нав ва андешаи миллӣ!

Имрӯз мавлуди устод Қаноат, яке аз устураитарин шахсиятҳои Тоҷикистон аст. Ӯ яке аз достонсароёни моҳир дар адабиёти навини тоҷик ба ҳисоб меравад ва дар тарбияти...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 91

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мӯъмин Қаноату Лоиқ Шералӣ то қатли Сайф Раҳимзоди Афардӣ.

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.