Музокироти парлумонӣ оид ба масоили бахши энергетика

Date:


Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ қарор кард, ки санаи 25-уми декабр дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ оид ба масоили иҷрои буҷети давлатии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2011 дар қисмати амалисозии Қонуни ҶТ «Дар бораи истифодаи сарчашмаҳои барқароршавандаи энергия» ва Барномаи давлатии дарозмуҳлати ҶТ дар бораи сохтмони нерӯгоҳҳои хурд барои солҳои 2009 ва 2020 музокироти парлумонӣ доир карда шавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, перомуни ин масоил дар назди вакилони парлумон мақомоти раҳбарии Вазорати молия, Вазорати энергетитка ва саноат ва ширкати «Барқи тоҷик» ҳисобот хоҳанд дод.

Дар ҳамин ҳол, дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ҲКТ Тоҷикистон, ваикли парлумон ва энергетики касбӣ Шодӣ Шабдолов дар ин робита изҳор намуд, ки «дар музокироти парлумонии қарибулвуқӯъ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон мавриди баррасиву таҳлили ҷиддӣ қарор мегирад».

«Дар Кумитаи энергетикаву саноат, сохтмон ва коммуникатсияи парлумон мо барои рушди бахши энергетикаи Тоҷикистон як бастаи ҳуҷҷату тавсияҳо таҳия намудем ва ман мутмаинам, ки аз ҷониби ҳукумат нодида гирифтани онҳо, ба оқибатҳои ногувор боис мегардад», – таъкид кард Шабдолов.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...