Имзои 16 санади ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону Туркия

Сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркия бо имзои як бастаи асноди дуҷониба оид ба тақвияти ҳамкориҳо миёни кишварҳо дар шаҳри Анқара анҷом пазируфт. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқоти хосса сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул аз пайвастагии робитаҳои сиёсии сатҳи олӣ, мӯҳтавои муносиботи дӯстона ва ҳамкории […]

ASIA-Plus


Сафари расмии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркия бо имзои як бастаи асноди дуҷониба оид ба тақвияти ҳамкориҳо миёни кишварҳо дар шаҳри Анқара анҷом пазируфт.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқоти хосса сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул аз пайвастагии робитаҳои сиёсии сатҳи олӣ, мӯҳтавои муносиботи дӯстона ва ҳамкории барои ду ҷониб судбахш изҳори қаноатмандӣ карданд.

Дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо ва музокироти расмӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб масоили ҳамкории гуногунҷанба, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисод ва тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, илму техника ва ҷалби сармоя баррасӣ шуд.

Пас аз анҷоми мулоқоту музокирот дар ҳузури сарони ду давлат 9 санади дигари ҳамкорӣ ба имзо расид, ки аз Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ҷумҳурии Туркия; Созишнома оид ба ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи телевизион ва радиои Туркия; Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва чорводории Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ; Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш; Ёддошти тафоҳум миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика ва саноати маъданҳои кӯҳӣ; Эъломияи муштарак оид ба ҳамкорӣ миёни Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Ҷумҳурии Туркия;

Барномаи табодули фарҳангӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия, Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия барои солҳои 2013 ва 2014 ва Эъломияи муштарак оид ба натиҷаҳои сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Туркия иборатанд.

Дар иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат хотиррасон мешавад, ки то ин вақт заминаи қарордодӣ-ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Туркия иборат аз 50 санад буда, тайи ин сафар дар маҷмӯъ боз 16 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид, ки аз натиҷаҳои умедбахши ин боздид гувоҳӣ медиҳанд.

Нимаи дуюми рӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси Бузурги Миллии (Парлумон)-и Ҷумҳурии Туркия Ҷемил Чичек мулоқот намуд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории байнипарлумонӣ ва дигар ҷанбаҳои муносиботи дӯстонаи Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуд. Ҳарду ҷониб ба густариши робитаҳои судманд ва омӯзиши таҷрибаи ҳамдигар ҳавасмандии худро таъкид доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.