Эътирози ҷонибдорони У.Қувватов дар Маскав

Рӯзи 25-уми декабр ҷонибдорони Умаралӣ Қувватов, пешвои ҳаракати «Гурӯҳи-24»-и мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон, ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар Дубай боздошт шуд, дар назди бинои сафоратхонаи Аморати Муттаҳидаи Араб дар Маскав намоиши эътирозӣ барпо карда, озодии роҳбари «Гурӯҳи-24»-ро тақозо намуданд. Нашрияи «Независимая газета» менависад, додгоҳи Дубай ба баррасии дархост оид ба истирдоди Умаралӣ Қувватов ба […]

ASIA-Plus


Рӯзи 25-уми декабр ҷонибдорони Умаралӣ Қувватов, пешвои ҳаракати «Гурӯҳи-24»-и мухолифи ҳукумати кунунии Тоҷикистон, ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта дар Дубай боздошт шуд, дар назди бинои сафоратхонаи Аморати Муттаҳидаи Араб дар Маскав намоиши эътирозӣ барпо карда, озодии роҳбари «Гурӯҳи-24»-ро тақозо намуданд.

Нашрияи «Независимая газета» менависад, додгоҳи Дубай ба баррасии дархост оид ба истирдоди Умаралӣ Қувватов ба Тоҷикистон оғоз кардааст. Ҷонибдорони Қувватов аз он изҳори нигаронӣ доранд, ки шояд бидуни қарори додгоҳ ӯ аллакай ба Тоҷикистон бурда шуда бошад.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои рӯзномаи электронии

Forum-msk.org

, вакили Парлумони Аврупо Пол Мерфи ба унвони сафири АМА дар Иттиҳоди Аврупо оид ба боздошти У.Қувватов дар Дубай ва эҳтимоли ба ихтиёри Тоҷикистон супурдани ӯ мактуб равон карда, изҳор доштааст, ки У.Қувватов раҳбари мухолифини тоҷик ва муборизи арзишҳои демокративу ҳуқуқи инсон аст, ки ӯ бо вай дар Страсбург вохӯрӣ анҷом додааст.

«Таври маълум, ӯ дар фурудгоҳи Дубай аз ҷониби кормандони пулис боздошт шуда, эҳтимоли ба Тоҷикистон истирдод шудани ӯ вуҷуд дорад. Ман аз таъмини амнияти ӯ хеле нигаронам, зеро ба андешаи ман, ӯро дар Тоҷикистон зиндон ва шояд шиканҷаву марг интизор бошад. Аз ин рӯ, дархост мекунам, ки ба истирдоди ӯ ба Тоҷикистон роҳ дода нашавад», – иброз доштааст Пол Мерфи дар мактуб.

Ёдрас мекунем, ки тибқи баъзе маълумот, Умаралӣ Қувватов субҳи рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта, 23-юми декабр, дар фурудгоҳи шаҳри Дубай боздошт шудааст. Ӯ аз онҷо ба Брюссел сафар карданӣ будааст.

Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои дохилии тоҷикистон ҳабси У.Қувватовро на тасдиқ мекунаду на инкор.

Умаралӣ Қувватов муассиси гурӯҳи мухолифони «Гурӯҳи-24» аст. Ба қавли худи Қувватов, ду сол қабл чанде аз тоҷирону сиёсатмадорон ва иқтисодчиёну ҷомеашиносони Тоҷикистон тасмим гирифтанд, ки ба як гурӯҳи ҳамфикрон муттаҳид шуда, баҳри беҳбуди вазъи кишвар на каму на зиёд ба ивази ҳокимияти кунунии Эмомалӣ Раҳмон даст бизананд.

Чанде қабл дар мактуби расмии нашршудаи ҶСП «Фароз» зикр гардида буд, ки Умаралӣ Қувватови имрӯзҳо мавриди таваҷҷуҳи зиёди матбуот қарордошта ба ширкати «Фароз» ва сохтори он ҳеҷ муносибате надорад. «Ӯ дар сохторҳои ширкат ҳеҷ мансабе надошту имрӯз ҳам надорад ва аз афроди муассисони он маҳсуб намеёбад, – зикр шуда буд дар мактуб. – Ҳуҷҷатҳои мавҷуда дар ширкат гувоҳи онанд ва дар онҳо ному насаби Умаралӣ Қувватов зикр нагардидааст».

Дар мактуб гуфта мешавад, тамоми маълумоти зарурӣ дар бораи ширкат дар Вазорати адлияву Кумитаи андоз мавҷуданд ва зимни шиносӣ бо онҳо метавон ба гуфтаҳои боло боварӣ ҳосил намуд.

Бо вуҷуди ин, худи Умаралӣ Қувватов дар конфронсҳои матбуотии соли гузашта изҳор карда буд, ки мудири кулли ширкати «Фароз» аст, ки ба транзити маҳсулоти нафтӣ ба Афғонистон тариқи қаламрави Тоҷикистон машғул мебошад. Он замон ӯ аз тарофаҳои транзитии беҳад баланди КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» изҳори норозигӣ карда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Андозбандии амалиёти ҳамёнҳои электронӣ моҳи сентябри соли равон оғоз мешавад

Оҷонсии навоварӣ ва фанновариҳои кишвар аз аҳолӣ хостааст, ҳамёнҳоро бидуни нигаронӣ истифода баранд.

Дар Хатлон як мардро бо иттиҳоми куштани занаш 16,5 сол зиндон кардаанд

Додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як сокини ин...

Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ кӯмак дарёфт карданд?

Хабарнигори “Азия-Плюс” бо чанд хонаводаи аз обхезӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб суҳбат кард.

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.