Раиси Шӯрои адлия: Судяҳои Тоҷикистон беҳад серкоранд

Раиси Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ Зафар Азизов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон 441 нафар судяҳо фаъолият дошта, ҳар кадоме аз онҳо давоми сол аз 500 то 800 парвандаи ҷиноӣ баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияҳои дурдаст судяҳо он қадр серкор набуда, солона 100-200 парванда барррасӣ мекунанд, вале дар судҳои ноҳияи Фирдавсии пойтахт […]

Наргис Ҳамробоева


Раиси Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ Зафар Азизов зимни нишасти хабарӣ изҳор намуд, ки дар Тоҷикистон 441 нафар судяҳо фаъолият дошта, ҳар кадоме аз онҳо давоми сол аз 500 то 800 парвандаи ҷиноӣ баррасӣ мекунад.

Ба гуфтаи ӯ, дар ноҳияҳои дурдаст судяҳо он қадр серкор набуда, солона 100-200 парванда барррасӣ мекунанд, вале дар судҳои ноҳияи Фирдавсии пойтахт ва ноҳияи Рӯдакӣ ин нишондиҳанда барои як судя 750 парвандаро ташкил медиҳад. «Аввали моҳи январ дар маҷмӯъ аз фаъолияти судяҳо натиҷагирӣ шуда, маълум гардид, ки аз ҷониби як судя 2 ҳазору 700 парвандаҳои гуногун баррасӣ шудааст», – гуфт З.Азизов.

Ба андешаи раиси Шӯрои адлия, барои беҳбуди фаъолияти судҳо афзоиши шумори судяҳо ва кормандони дастгоҳи онҳо зарур буда, соли гузашта бо фармони президент 17 судяи нав ва 52 нафар кормандони нави дастгоҳи судҳо таъин карда шуданд.

Дар робита ба иштибоҳоти судяҳо номбурда гуфт, он тамоили поинравиро касб намуда, соли 2010 – 861, соли 2011 – 748 ва соли 2012 – 616  ҳолатҳои бекор кардани қарорҳои судҳо ба қайд гирифта шудаанд.

Бино ба маълумоти Шӯрои адлияи ҷумҳурӣ, соли гузашта 8 нафар судяҳо аризаи бо хоҳиши худ ба истеъфо рафтанро навишта, 12 нафар судяҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд. Ҳолатҳои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани судяҳо ба қайд гирифта нашудааст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 апрели соли 2026

Аз оғози фаъолияти "Боғи ҳайвонот" дар Душанбе то Рӯзи ҷаҳонии шамъсозон

Интиқоди вакили парлумон аз забони таблиғ, барномаи “Ислоҳнигорӣ” ва мухолифати қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ

Вакилони парлумон аз иҷро нашудани баъзе бандҳои “Барномаи рушди забони давлатӣ” нигаронӣ кардаанд.