Дастоварди дзюдочиёни навраси тоҷик дар Тошканд

Date:


Рӯзҳои 4-6-уми январи соли равон дар шаҳри Тошканд мусобиқаи байнулмилалӣ оид ба дзюдо миёни паҳлавонони соли таваллудашон 1996-97 барпо гардид.

Тавре сухангӯи Кумитаи милллии олимпии ҷумҳурӣ Муродалӣ Тешаве хабар дод, дар мусобиқаи мазкур варзишгарони кишварҳои ҳамсоя ширкат варзида, Тоҷикистонро бо пешбарии Федератсияи дзюдои кишвар паҳлавонони наврас дар қатори зиёда аз 100 иштирокчӣ намояндагӣ карданд.

«Баъди қувваозмоиҳои 2-рӯза варзишгарони тоҷик – Эраҷ Абдуллоев дар вазни 55 кг, Умед Абдураҳмонов дар вазни 60 кг, Расул  Саидов дар вазни 73 кг ва Суҳроб Давлатзода дар вазни +90 кг барандагони медалҳои тило гардиданд», – гуфт ӯ.

Ба қавли номбурда, инчунин Юсуф Каримов дар вазни 73 кг зинаи дуюм ва Сироншо Меҳрубоншоев дар вазни 60 кг бо ҳамроҳии Суруш Каримов дар вазни 73 кг мақоми сеюмро ишғол намуданд.  

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...