Боздошти дубораи тафтиши парвандаи марги маҳбус Исмонбой Бобоев


Прокуратураи вилояти Суғд бори навбатӣ дар бораи боздошти тафтиши парвандаи марги маҳбус Исмонбой Бобоев иттилоъ дод, ки эҳтимол меравад, 19-уми феврали соли 2010 бар асари истифодаи шиканҷа аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расида бошад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» яке аз адвокатҳои ҷониби ҷабрдида Сергей Романов хабар дод, ин дафъа ҳам «бемории гумонбаршудагон» сабаб унвон шудааст, вале ба кадом беморӣ гирифтор дудани онҳо на ба ҷабрдидагон маълум асту на ба адвокатҳои онҳо.

«Прокуратураи вилоят Ҷӯрабой Бобоев, падари маҳбуси ҳалокшударо дар бораи бинобар сабаби бемории гумонбаршудагон мутаваққиф сохтани тафтиши парвандаи ҷиноии мазкур аз 30-юми октябр огоҳ намуд», – гуфт Романов.

Ҳимоятгар аз болои ин қарор ба Прокуратураи генералӣ шикоят бурданист, зеро бар ин назар аст, ки боздошти тафтиши парванда ғайриқонунӣ сурат гирифта, мақоми ин афрод на айбдоршаванда, балки гумонбаршудагон буда, мутобиқи қонун боздошти тафтиши парванда танҳо нисбати айбдоршавандагон амалӣ мегардад.

Қобили зикр аст, ки Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ шикояти инфиродӣ аз номи Ҷӯрабой Бобоев – падари шаҳрванди Тоҷикистон Исмонбой Бобоевро барои баррасӣ ба қайд гирифта, онро барои пешниҳоди шарҳу тавзеҳ ба ҳукуматдорони кишвар ирсол намуд. Шикоят бо мусоидати Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон пешниҳод гардид.

Исмон Бобоев рӯзи 19-уми феврали сои 2010 аз ҷониби кормандони Раёсати мубориза бо ҷинояткории муташаккили вилояти Суғд Манучеҳр Акбаров ва Фирдавс Шокиров боздошт гардида, пас аз интиқол ба бинои раёсати мазкур ҳангоми бозпурсӣ ба ҳалокат расид. Ба эътиқоди хешовандону наздикони И.Бобоев, ӯ ба асари истифодаи шиканҷа ва методҳои ғайриқонунии бозпурсӣ фавтидааст. Ташхиси такрорӣ низ нишон дод, ки Бобоев дар натиҷаи ҷароҳат аз барқ ба ҳалокат расидааст.

Санаи 25-уми марти соли 2010 дар прокуратураи вилояти Суғд нисбат ба кормандони раёсат Манучеҳр Акбаров ва Фирдавс Шокиров мутобиқи моддаҳои 104, қ. 1 (Одамкушӣ), 247 (Қаллобӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ) ва 316, қ. 3 (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ боз гардид.

Дар таърихи 25-уми июни соли 2010 бошад, бинобар сабаби бемории гумонбаршудагон баррасии парвандаи ҷиноии мазкур боздошта шуд.

spot_imgspot_img

Популярное