Раиси ҲКТ: Гусели оммавии нафақахӯрон бемулоҳизагист

Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов қарори аз мансабҳои давлатӣ барканор кардани кормандони синнусоли нафақаро комилан нодуруст мешуморад. Ба андешаи вай, дар масъалаи ба нафақа гусел кардан ба ҳар як шахс муносибати алоҳида мебояд дошт. «Масалан, дар бахши саноати кӯҳкориву сохтмон ва дигар соҳаҳое, ки қувваи ҷисмонии зиёдро талаб мекунанд, шахсро бо ифтихору қадрдонӣ мебояд […]

Аваз Юлдошев


Раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов қарори аз мансабҳои давлатӣ барканор кардани кормандони синнусоли нафақаро комилан нодуруст мешуморад.

Ба андешаи вай, дар масъалаи ба нафақа гусел кардан ба ҳар як шахс муносибати алоҳида мебояд дошт. «Масалан, дар бахши саноати кӯҳкориву сохтмон ва дигар соҳаҳое, ки қувваи ҷисмонии зиёдро талаб мекунанд, шахсро бо ифтихору қадрдонӣ мебояд ба нафақа гусел намуд, аммо гусели маҷбурии кормандони бахшҳои маорифу тандурустӣ ва илму фарҳанг ба нафақа камоли бемулоҳизагист, зеро ба ҳама гуна давлат таҷрибаи андӯхтаи онҳо гаронбаҳо шуморида мешавад», – гуфт ӯ.

Раиси ҲКТ зикр кард, ки дар ҳама гуна ҷомеаи солимфикр кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки нафақахӯронро ба сифати мушовирон дар соҳаҳои фаъолиятдоштаашон истифода кунанд. «Тамоми кишварҳои шарқ бо шумули Тоҷикистон ҷомеаҳои анъанавӣ маҳсуб ёфта, дар ин гуна ҷомеаҳо маъмулан хирадмандии пиронсолон ҳамеша қадрдонӣ мешавад», – иброз дошт Шабдолов.

Номбурда Ҷопону Ҳиндустон ва кишварҳои зиёди Шарқро намунаи ибрат оварда, зикр намуд, ки дар ин кишварҳо сарони давлатҳову нахуствазирон ва аксари аъзои ҳукумат ҳамеша афроди пиронсолу таҷрибадидаанд ва онҳоро ба ин мансаб танҳо барои он интихобу таъин мекунанд, ки «дар ин синнусол барои онҳо ба истилоҳ «неъматҳои заминӣ» аз қабили дороиву пул, занон ва ғайра бегонаанд ва онҳо танҳо дар бораи чӣ гуна хотира гузоштан баъди умр аз худ андеша доранд».

Пешвои коммунистон таъкид кард, ки таҷрибаи давладории собиқи шӯравӣ дарси ибрати хубе боқӣ гузошт. «Нимаи солҳои 80-уми асри гузашта Михаил Горбачёви ҷавон сарварии давлати пуриқтидортарини сайёраро ба дӯш гирифта, камтаҷрибагӣ ва бемулоҳизагии ӯ ба пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ боис гардид. Бо сари қудрат омадан Горбачёв роҳбарони соҳибтаҷрибаи вазорату идораҳо ва ҷумҳуриҳои шӯравиро ба нафақа гусел намуд, ки ба оқибатҳои фоҷеабор дар тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ оварда расонид», – мегӯяд Шодӣ Шабдолов.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.