Суғд: Боздошти шаҳрванди Қирғизистон бо маводи мухаддир

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Қирғизистон боздошт шуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди маркази матбуоти ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифов хабар дод, рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда зимни як амалиёт дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокини 38-солаи ноҳияи Лайлаки вилояти Ӯши кишвари ҳамсоя А.Ш. […]

Мавлуда Рафиева


Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир шаҳрванди Қирғизистон боздошт шуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» корманди маркази матбуоти ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Акбар Шарифов хабар дод, рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришуда зимни як амалиёт дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сокини 38-солаи ноҳияи Лайлаки вилояти Ӯши кишвари ҳамсоя А.Ш. боздошт ва зимни кофтукови шахсии ӯ ба миқдори 1 кило маводи мухаддири афюн дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, аз рӯи ин далел нисбат ба шаҳрвуанди боздоштшудаи Қирғизистон мутобиқи моддаи 200, қ. 3-и КҶ ҶТ (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ё прекурсорҳо бо мақсади фурӯш) парвандаи ҷиноӣ боз шуда тафтишот идома дорад.

Зимнан зикр гардид, ки бино ба маълумоти Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ дар вилояти Суғд, соли гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят аз муомилоти ғайриқонунӣ 568 кило (соли 2011 – 563 кило) маводи мухаддирро мусодира намудаанд, ки зиёда аз 100 килояшро героин, беш аз 340 килояро ҳашиш ва зиёда аз 122 килояшро афюн ташкил медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.