Кӯлоб: Ҷаримаи ронандагони автомашинаҳои сиёҳшиша ба маблағи 17 ҳазор $

Соли гузашта аз ҷониби кормандони мақомоти интизомӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 17 далели ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаҳои автомашинаҳо ба қайд гирифта шуданд. Муовини сардори Раёсати ВКД ҶТ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон полковник Абудлваҳҳоб Исканадров зимни конфронси матбуотӣ изҳор намуд, ки ҳар кадоме аз ронандагони ин автомашинаҳо ба маблағи 1000 доллари ИМА […]

Турко Дикаев


Соли гузашта аз ҷониби кормандони мақомоти интизомӣ дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон 17 далели ғайриқонунӣ сиёҳ кардани шишаҳои автомашинаҳо ба қайд гирифта шуданд.

Муовини сардори Раёсати ВКД ҶТ дар гурӯҳи ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон полковник Абудлваҳҳоб Исканадров зимни конфронси матбуотӣ изҳор намуд, ки ҳар кадоме аз ронандагони ин автомашинаҳо ба маблағи 1000 доллари ИМА ҷаримабандӣ шуда, маблағӣ ҷарима пардохт ва ба буҷети кишвар равона гардидааст.

«Дар қаламрави минтақаи Кӯлоб соли гузашта дар маҷмӯъ 74 ҳазору 510 ҳолатҳои қонуншиканиҳои марбут ба Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла 2 ҳазору 457 ҳодисаи идораи воситаи нақлиёт бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ сабт шуданд», – гуфт вай.

Ба қавли Искандаров, соли 2012 дар қаламрави минтақаи Кӯлоб 1062 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, мизони ошкорсозии онҳо 92,2%-ро ташкил медиҳад. «Дар ин давра аз аҳолӣ 165 адад силоҳи оташфишон ва муҳимоти ҷангӣ, аз ҷумла 17 адад автомати Калашников дарёфт ва мусодира гардида, ҳамчунин ҳудуди 1,2 тонна маводи мухаддир низ мусодира гардид», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми Осиё худоҳофизӣ кард, вале ба Ҷоми ҷаҳон меравад

Наврасони тоҷик баъди шикасти бузург аз ҳамсолони худ аз Ҷопон ба Душанбе бармегарданд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико гуфт, Исроил ва Лубнон ба тамдиди оташбас мувофиқат карданд

Бо ин вуҷуд, ду тараф ҳамвора якдигарро ба нақзи оташбас муттаҳам мекунанд.

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.