Қарори барҳамдиҳии «Ампаро» бетағйир боқӣ монд

Зинаи кассатсионии суди вилояти Суғд қарори суди шаҳри Хуҷанд дар бораи қатъи фаъолияти Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро»-ро бетағйир боқӣ гузошт. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Ассотсиатсия Дилрабо Самадова хабар дод, сарфи назар аз далелу бурҳонҳои асоснок, рӯзи сешанбе, 15-уми январ ҳайати мушовараи кассатсионӣ қарори суди шаҳри Хуҷандро бетағйир боқӣ гузошт. «Мо дархост кардем, ки барои […]

Наргис Ҳамробоева


Зинаи кассатсионии суди вилояти Суғд қарори суди шаҳри Хуҷанд дар бораи қатъи фаъолияти Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро»-ро бетағйир боқӣ гузошт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари Ассотсиатсия Дилрабо Самадова хабар дод, сарфи назар аз далелу бурҳонҳои асоснок, рӯзи сешанбе, 15-уми январ ҳайати мушовараи кассатсионӣ қарори суди шаҳри Хуҷандро бетағйир боқӣ гузошт.

«Мо дархост кардем, ки барои бартараф кардани камбудиҳо ба мо муҳлат диҳанд, изҳор кардем, ки ин масъала дар сатҳи милливу байнулмилалӣ мавриди назар қарор гирифта, қатъи фаъолияти созмони ҳомии ҳуқуқ ба нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байнулмилалӣ таъсир манфӣ мерасонад, вале ҳамааш беҳуда буд», – мегӯяд Самадова.

Ба қавли вай, ояндаи наздик ҳайати кормандони «Ампаро» ба зинаи назоратӣ ва дар сурати зарурат ба Суди олӣ шикоят хоҳад бурд. «Пас аз тай шудани тамоми зинаҳои судии миллӣ, мо аз механизмҳои байнулмилалии ҳимоя аз ҳуқуқҳои худ истифода хоҳем кард», – изҳор дошт роҳбари АҲҶ «Ампаро».

Ахири моҳи октябри соли гузашта суди шаҳри Хуҷанд дар бораи барҳам додани Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» қарор содир намуд. Суд даъвои Раёсати адлияи вилояти Суғд дар бораи барҳам додани Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро»-ро қонеъ намуд.

Ёдрас мекунем, ки 29-уми июни соли равон Раёсати адлияи вилояти Суғд ҷиҳати

барҳам додани Ассостсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро»

, ки ба ҳифзи ҳуқуқи даъватшавандагон ва хизматчиёни ҳарбӣ машғул аст, бо аризаи даъвогӣ ба суди шаҳри Хуҷанд муроҷиат кард.

Эътирози Раёсати адлия ба «Ампаро» аз риоя накардани Қонуни ҶТ «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ» аз ҷониби сарвари созмон, бидуни қарори дахлдор тағйир додани суроғаи ҳуқуқӣ, аз қайди дубора нагузаштани созмон дар Раёсати адлия, ифтитоҳи сомонаи интернетии созмон бар хилофи Оиннома ва бидуни иҷозатнома ташкил кардани дарсҳо оид ба мавзӯи «Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ» дар синфҳои 9-11-и макотиби таҳсилоти умумии ноҳияҳои Спитамен ва Бобоҷон Ғафуров иборат аст.

Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» беш аз 30 нафар намояндагони ҳомии ҳуқуқ, донишҷӯён, рӯзноманигорон ва ҳуқуқшиносони ҷавонро муттаҳид мекунад. Асссотсиатсия узви Эътилофи ТҒД-и зидди шиканҷа дар ҶТ ва Эътилофи итттиҳодияҳои ҷамъиятии кишварҳои узви ИДМ оид ба ҳимоя аз ҳуқуқи даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ аст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.