Даргузашти академики тоҷик Рауф Баротов

Геологи тоҷик, академики Академияи улуми Тоҷикистон Рауф Баротов дар синни 92-солагӣ аз олам даргузашт. Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи геологияи Академияи улуми ҶТ маросими видоъ бо Рауф Баротов доир мегардад. Ӯ дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда мешавад. Рауф Баротов яке аз ташкилотчиёни фаъоли илми геология ва тадқиқотчии намоёни соҳаи магматизми Осиёи Марказӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии […]

Меҳрангез Турсунзода


Геологи тоҷик, академики Академияи улуми Тоҷикистон Рауф Баротов дар синни 92-солагӣ аз олам даргузашт.

Имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи геологияи Академияи улуми ҶТ маросими видоъ бо Рауф Баротов доир мегардад. Ӯ дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда мешавад.

Рауф Баротов яке аз ташкилотчиёни фаъоли илми геология ва тадқиқотчии намоёни соҳаи магматизми Осиёи Марказӣ, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (1968) мебошад.

Мавсуф 10- октябри соли 1921 дар деҳаи Пӯлодони ноҳияи Конибодом таваллуд ёфтааст.

Фаъолияти меҳнатии ӯ аз соли 1937, пас аз хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории Конибодом, ки онро дар синни 17- солагиаш хатм намудааст, оғоз ёфтааст. Дар ин макони илм олими оянда аз донишманди маъруфи номдори кишвар – академик Ниёзмуҳаммадов  ва омӯзгорони шинохта Абдураҳмонов, Маннонов, Ҳусейнзода, Муҳаммадҷонов, Исмоилов, Додоҷонов, Ҳомидов ва дигарон таълим гирифтааст.

Соли 1945 факултаи геологияи  Донишгоҳи  давлатии Осиёи Марказиро хатм кардааст. Соли 1949 рисолаеро таҳти роҳбарии профессор В.И. Попов дар бораи боигариҳои зеризаминӣ – форматсияҳои интрузивии ҳавзаи дарёи Варзоб навишта, пешкаши аҳли илм менамояд, ки он дар роҳи минбаъда ва ҷустҷӯҳои олими ҷавон такони калоне мегардад.

Баъди хатми аспирантура Р.Б.Баротов ба Институти геологияи Филилаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фиристода мешавад. Дар ин муассисаи илмӣ то соли 1950 ба ҳайси ходими калони илмӣ кор карда, сипас мудири Бахши петрография ва канданиҳои фоиданок таъин мешавад. Моҳи апрели соли 1953 аъзо – корреспонденти  Академияи илмҳои  Тоҷикистон  интихоб мегардад.  Соли 1959 иҷрои  вазифаи академик – котиби  Шӯъбаи илмҳои физикаю математика ва геологияю химияи Академияи фанҳо ба ӯҳдааш гузошта шуда, ба ин муносибат аъзои президиуми Акадимияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб мегардад.

Бештар  аз 120 кори илмиаш рӯи чоп омадааст. Олими мавсуф узви кумитаи миллии геологҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва якқатор Шӯроҳои илмии ҷумҳурӣ, раиси комиссияи петрографияи Тоҷикистон ва Шӯъбаи Тоҷикистонии ҷамъияти минерологҳо, Ходими Хизматнишондодаи илм мебошад. Соли 1970 ӯ бо унвони Лауреати Мукофоти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ба номи Абӯалїӣ ибни Сино мушарраф гардидааст. Олими шинохта бо 2 ордени «Нишони Фахрӣ» ва якчанд медалҳои ҳукуматӣ мукофонида шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди он ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар чанд рӯзи гузашта Эронро ба ҳамла таҳдид мекунад, баръакси ин дар хусуси шартҳои ду ҷониб...

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.