Беҳбуди сифати кори Суди олии иқтисодӣ

Соли гузашта Суди олии иқтисодии Тоҷикистон даъвоҳо ба маблағи 49,5 млн. сомонӣ ва 4,8 млн. доллари ИМА-ро қонеъ намуд. Раиси суди олии иқтисодии ҶТ Наим Мансуров зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор намуд, ки дар ин давра аз ҷониби судяҳои Суди олии иқтисодӣ 474 парванда баррасӣ ва нисбати онҳо қарор содир шудааст, ки дар муқоиса бо […]

Заррина Эргашева


Соли гузашта Суди олии иқтисодии Тоҷикистон даъвоҳо ба маблағи 49,5 млн. сомонӣ ва 4,8 млн. доллари ИМА-ро қонеъ намуд.

Раиси суди олии иқтисодии ҶТ Наим Мансуров зимни нишасти матбуотии имрӯза изҳор намуд, ки дар ин давра аз ҷониби судяҳои Суди олии иқтисодӣ 474 парванда баррасӣ ва нисбати онҳо қарор содир шудааст, ки дар муқоиса бо соли аз ин пеш 46 парванда зиёдтар аст.

«Дар маҷмӯъ бо боварӣ метавонам бигӯям, ки сифати баррасии парванда ва даъвоҳо ба таври назаррас беҳтар шуда, агар соли 2011 аз рӯи 10 парванда қарорҳо бекор шуда бошанд, соли гузашта танҳо нисбати 1 парванда қарор бекор шуд. Умедворем, ки соли равон умуман ҳолатҳои бекор шудани қарори судҳо ҷой нахоҳанд дошт», – иброз дошт Мансуров.

Раиси Суди олии иқтисодии ҶТ зикр кард, ки соли гузашта ба фоидаи буҷети ҷумҳурӣ 11,3 млн. сомонӣ маблағ рӯёнида шудааст. «Мехоҳам ба як масъала равшанӣ андозам, ки Суди олии иқтисодӣ парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳои иқтисодиро баррасӣ накарда, танҳо баҳсҳои ҷонибҳо оид ба воситаҳои молиявиро ҳал мекунад», – афзуд номбурда.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.