Вохӯрии Гул Шералӣ бо ноиби президенти ширкати China Global

Вазири энергетика ва саноати Тоикистон Гул Шералӣ бо ноиби президенти ширкати «China Global new Technology imp. & exp»-и Чин Ҷан Ҷи Юэн гуфтушунид анҷом дод. Ширкати мазкур сармоягузори асосии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ- саноатии Тоҷикистону Чин» мебошад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, дар мулоқот масоили афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, фароҳам сохтани ҷойҳои […]

ASIA-Plus


Вазири энергетика ва саноати Тоикистон Гул Шералӣ бо ноиби президенти ширкати «China Global new Technology imp. & exp»-и Чин Ҷан Ҷи Юэн гуфтушунид анҷом дод. Ширкати мазкур сармоягузори асосии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ- саноатии Тоҷикистону Чин» мебошад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Вазорати энергетика ва саноати ҶТ, дар мулоқот масоили афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, фароҳам сохтани ҷойҳои нави корӣ, идомаи сохтмони хатти дуюми технологӣ ва то 2 млн. тн расондани иқтидори солонаи фабрикаи ғанисозии маъдан ва сохтмони коргоҳи металлургӣ дар шаҳраки Истиқлол баррасӣ шуданд.

Гул Шералӣ зарурати суръатбахшии корҳои геологӣ-иктишофӣ дар кони «Зарнисор»-ро таъкид намуда, ҷонибҳо оид ба андешидани тадбирҳои мушаххас ҷиҳати амалисозии масоили баррасишуда ба мувофиқа расиданд.

Ёдрас мекунем, ки корхонаи «Зарнисор» соли 2007 дар заминаиҶДММ «Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин» таъсис ёфта, моҳи декабри ҳамин сол сохтмони фабрикаи ғанисозии маъдан оғоз гардид. Айни замон иқтидори ин фабрика ба истеҳсоли 1 млн. тонна маъдан дар як сол баробар аст.

Соли гузашта дар корхонаи мазкур ба маблағи 320,9 млн. сомонӣ 23,4 ҳазор тонна хокаи сурб ва 37,3 ҳазор тонна хокаи руҳ истеҳсол шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.