Зимни нишасти хабарӣ вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев дар робита ба далелҳои шиканҷаву марг дар муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ изҳор намуд, ки нисбати гунаҳкорони марги маҳкумшуда дар муассисаи ислоҳии Ваҳдат Ачик Қаюмов ҳукми суд содир шудааст.
«Аз рӯи ин ҳодиса роҳбари вақти муаассисаи ислоҳии Ваҳдат Давлаталӣ Раҳимов мувофиқи моддаи 322-и КҶ ҶТ (Хунукназарӣ) мутттаҳам дониста шуда, ба маблағи 10 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ ва табиби ҳамонвақтаи муассиса Саидхон Расулов мутобиқи моддаи 129, қ. 2-и КҶ ҶТ (Аз ҷониби корманди тиб номатлуб иҷро гардидани вазифаи касбӣ) гунаҳкор дониста шуда, ба 3 соли зиндон маҳкум шуд», – гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вазири адлия, аз рӯи ҳодисаҳои дигари шиканҷаву кирдори бераҳмона дар муассисаҳои ислоҳӣ, аз ҷумла марги маҳбус Ҳамза Икромзода ва навори видеоии осори лату кӯб дар муассисаи ислоҳии Хуҷанд тафтишот идома дорад. «Бигзор прокуратура санҷиши худро ба итмом расонида, суд афроди гунаҳкорро муайян кунад. Мо анҷоми тафтишотро интизорем», – иброз дошт вай.
Дар робита ба дастрасии доимии намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати мониторинги муассисаҳои ислоҳӣ вазири адлия зикр кард, ки тибқи қонун, як гурӯҳи шахсоне муайян шудаанд, ки барои дастрасӣ ба ин муассисаҳо ҳуқуқ доранд, вале сарфи назар аз ин, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия бо иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки масъалаи боздид аз муассисаҳоро бо мақомоти раҳбарии сарраёсат ва Омбудсмен мувофиқа месозанд, доимо ҳамкорӣ мекунад.
«Ҳеҷ кас масъалаи марбут ба шиканҷа дар муассисаҳои ислоҳиро канор гузоштанӣ нест ва мо дар ин самт тадбирҳо андешида, баҳри ислоҳи вазъ чораҷуӣ мекунем. Барои ин каме вақт лозим аст. Соли гузашта гузоришгари махсуси СММ оид ба шиканҷа бо вазъи муассисаҳои ислоҳии кишвар аз наздик ошно гардида, онро на он қадр бад арзёбӣ кард ва ба камбудиҳои ҷойдошта низ ишора намуд, ки баҳри бартараф кардани онҳо кӯшиш ба харҷ хоҳем дод», – афзуд Р.Менглиев.


