ҲНИТ омодагии бахшҳо ба интихоботи президентиро месанҷад

Date:


Кормандони масъули шуъбаи интихоботи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон вазъи омодагии бахшҳои аввалияи ҳизб ба маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистонро, ки тирамоҳи соли равон баргузор мешавад, мавриди омӯзиш қарор доданд.

Бино ба маълумоти қароргоҳи марказии ҲНИТ, кормандони масъул оид ба омодагии аъзои ҳизб ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ, иштироки нозирони ҳизб дар комиссияҳои интихоботӣ машваратҳо доир намуда, таъкид доштанд, ки аҳдофи асосии ҳизбӣ ширкат дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ мебошад.

Қаблан зимни вохӯрӣ бо ҷавонони пойтахт раиси ҲНИт Муҳиддин Кабирӣ изҳор карда буд, ки ҲНИТ дар маъракаи интихоботи президент ширкат хоҳад варзид, вале номзадро танҳо анҷумани ҳизб, ки моҳҳои август ё  сентябр баргузор мешавад, муайян мекунад. «Номзад метавонад аз ҲНИТ ё ҳизби дигар ва ҳатто шахси беҳизбӣ бошад», – изҳор дошта буд ӯ.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related