Милисаҳо 350 ҳазор еврои муҳоҷиронро гирифтанд

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноят сардори Шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир (ОБНОН)-и шаҳри Қӯрғонтеппа Шодибек Султонов боздошт шуд. Бино ба гуфтаи сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон Ҷамшед Сангов, ӯ аз ҷониби кормандони раёсати мазкур ҳанӯз ахири моҳи ноябри соли […]

Сайраҳмон Назриев


Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ ба гумони даст доштан дар содир намудани ҷиноят сардори Шуъбаи мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир (ОБНОН)-и шаҳри Қӯрғонтеппа Шодибек Султонов боздошт шуд.

Бино ба гуфтаи сардори Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи вилояти Хатлон Ҷамшед Сангов, ӯ аз ҷониби кормандони раёсати мазкур ҳанӯз ахири моҳи ноябри соли гузашта боздошт гардида будааст.

«Султонов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 316-и КҶ ҶТ (Баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) гунаҳкор дониста мешавад. Дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ муайян карда шудааст, ки ӯ ҳамроҳи ду нафар кормандони дигари милиса ва як шаҳрванди қаторӣ се нафар муҳоҷирони кории ба ватан баргаштаро боздошт намуда, онҳоро ба дуздӣ айбдор ва 350 ҳазор еврои онҳоро азхуд мекунанд», – зикр кард Сангов.

Ба қавли ӯ, се нафари ҳамроҳи Султонов фирор намуда, мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд ва тафтишот нисбати ин далел давом дорад.

Қобили зикр аст, ки соли гузашта дар вилояти Хатлон 18 далели аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ баромадани кормандони милиса ба қайд гирифта шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.