Чанде қабл дар Душанбе мулоқоти муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Саидғуфрон Абдулло бо мушовир оид ба масъалаҳои мудирият ва консулӣ, консули сафорати Канада дар ҶТ Питер Кулен доир гардид.
Бино ба иттилои Маркази матбуоти ХМ ҶТ, дар мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи ташкили курсҳои махсуси омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои муҳоҷирони имконпазири кории тоҷик таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. «Мушкили асосие, ки ба он муҳоҷирони кории тоҷик дучор меоянд, надонистани забони кишвари қабулкунанда ва сатҳи нокофии тахассусии онҳо аст», – зикр гардид дар мулоқот.
Дар ин робита С.Абдулло ба дипломати Канада масъалаи мавриди омӯзиш қарор додани дастгирии ифтитоҳи курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар яке аз навоҳии тобеи марказро пешниҳод намудааст.
Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 195 нафар шаҳрвандони Канада кору зиндагӣ мекунанд.





