Баррасии масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Канада дар бахши муҳоҷират

Чанде қабл дар Душанбе мулоқоти муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Саидғуфрон Абдулло бо мушовир оид ба масъалаҳои мудирият ва консулӣ, консули сафорати Канада дар ҶТ Питер Кулен доир гардид. Бино ба иттилои Маркази матбуоти ХМ ҶТ, дар мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи ташкили курсҳои махсуси омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои муҳоҷирони имконпазири кории тоҷик таваҷҷуҳи […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Душанбе мулоқоти муовини сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ Саидғуфрон Абдулло бо мушовир оид ба масъалаҳои мудирият ва консулӣ, консули сафорати Канада дар ҶТ Питер Кулен доир гардид.

Бино ба иттилои Маркази матбуоти ХМ ҶТ, дар мулоқот ҷонибҳо ба масъалаи ташкили курсҳои махсуси омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои муҳоҷирони имконпазири кории тоҷик таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. «Мушкили асосие, ки ба он муҳоҷирони кории тоҷик дучор меоянд, надонистани забони кишвари қабулкунанда ва сатҳи нокофии тахассусии онҳо аст», – зикр гардид дар мулоқот.

Дар ин робита С.Абдулло ба дипломати Канада масъалаи мавриди омӯзиш қарор додани дастгирии ифтитоҳи курсҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар яке аз навоҳии тобеи марказро пешниҳод намудааст.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон 195 нафар шаҳрвандони Канада кору зиндагӣ мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.