Соли гузашта бонкҳо тақрибан 1,4 млрд. $ қарз доданд

Ба аввали соли равон бақияи қарзҳои низоми бонкии ҷумҳурӣ 5,3 млрд. сомонӣ (беш аз 1,1 млрд. $)-ро ташкил дод. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, аз миқдори умумӣ 40,2 фоизро қарзҳо бо пули миллӣ ва 59,8 фоизи боқимондаро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил доданд. Ба иттилои манбаъ, дар ин давра 6,8 млрд. сомонӣ […]

ASIA-Plus


Ба аввали соли равон бақияи қарзҳои низоми бонкии ҷумҳурӣ 5,3 млрд. сомонӣ (беш аз 1,1 млрд. $)-ро ташкил дод.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон, аз миқдори умумӣ 40,2 фоизро қарзҳо бо пули миллӣ ва 59,8 фоизи боқимондаро қарзҳо бо асъори хориҷӣ ташкил доданд.

Ба иттилои манбаъ, дар ин давра 6,8 млрд. сомонӣ (беш аз 1,4 млрд. $) қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 4,6 фоиз зиёд мебошад. Фоизи миёнавазни қарзҳо бо пули миллӣ 21,4 фоиз ва бо асъори хориҷӣ 24,5 фоизро ташкил намуд, ки ин нисбат ба соли қаблӣ бо пули миллӣ 1,0 банди фоизӣ кам ва бо асъори хориҷӣ 2,5 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда нисбат ба соли пеш 33,7 фоиз зиёд шуда, 3,2 млрд. сомониро ташкил дод. Аз он ҷумла, ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон 663,6 млн. сомонӣ қарзҳои хурд дода шуданд, ки назар ба соли қаблӣ 28,2 фоиз зиёд аст.

Теъдоди ташкилотҳои қарзӣ дар интиҳои соли ҳисоботӣ 142 ададро ташкил намуд, аз ҷумла: 16 бонк, 1 ташкилоти карзии ғайрибонкӣ, 35 ташкилоти амонатии кредитии хурд, 44 ташкилоти қарзии хурд, 46 фонди қарзии хурд ва 301 филиалҳо фаъолият доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.