Боздиди дипломати Украина аз Агентии назорати маводи нашъаовар

Чанде қабл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ вохӯрии директори Агентӣ Рустам Назаров бо сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк баргузор шуд. Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии мазкур, дар ҷараёни мулоқот Рустам Назаров сафирро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон ва умуман минтақаи Осиёи Марказӣ, чораву тадбирҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон […]

ASIA-Plus


Чанде қабл дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ вохӯрии директори Агентӣ Рустам Назаров бо сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк баргузор шуд.

Бино ба маълумоти шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентии мазкур, дар ҷараёни мулоқот Рустам Назаров сафирро бо вазъи мухаддиротӣ дар Тоҷикистон, Афғонистон ва умуман минтақаи Осиёи Марказӣ, чораву тадбирҳое, ки ҳукумати Тоҷикистон дар самти назорати маводи мухаддир меандешад ва ташкили ҳамкориҳо миёни мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ  дар муборизаи муштарак бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор ошно намуд. Ӯ  ҳамчунин дар бораи фаъолиятҳои Агентӣ, дастовардҳо ва дурнамои рушди он муфассал маълумот дод.

В.Никитюк дар навбати худ қайд кард, ки ҳукумати Украина ба мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа ва бахусус Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хосса дорад ва эълон кард, ки хадамоти давлатии назорат бар маводи мухаддири Украина омода аст бо Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ ҳамкориҳои созандаро ба роҳ монад.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.