Як қисмати ноҳияи Синои пойтахт рӯзона бебарқ мемонад

Ба як қисмати ноҳияи Синои пойтахт муддати ду рӯз – рӯзҳои 24 ва 25-уми январ аз соати 11 то 15 интиқоли барқ қатъ карда мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ҶСК «Шабакаҳои барқии Душанбе» Саид Атоев хабар дод,  дар ин муддат ба микрорайонҳои Гипрозем, 82, 83, 84, кӯчаҳои Яккачинор, Федин, Ҳаёти нав, Юсуф Вафо ва […]

Аваз Юлдошев


Ба як қисмати ноҳияи Синои пойтахт муддати ду рӯз – рӯзҳои 24 ва 25-уми январ аз соати 11 то 15 интиқоли барқ қатъ карда мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ҶСК «Шабакаҳои барқии Душанбе» Саид Атоев хабар дод,  дар ин муддат ба микрорайонҳои Гипрозем, 82, 83, 84, кӯчаҳои Яккачинор, Федин, Ҳаёти нав, Юсуф Вафо ва Пайрав Сулаймонӣ интиқоли барқ маҳдуд мегардад.

«Қатъи интиқоли барқ ба минтақаҳои мазкур барои ивази яке аз трансформаторҳои асосие, ки ин кӯчаву микрорайонҳоро бо барқ таъмин мекунад, сурат мегирад», – гуфт вай.

Номбурда дар идома изҳор дошт, ки кормандони шабакаҳои барқи пойтахт бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки корҳои ивази трансформатор ҳамин рӯз ба анҷом расанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.