Анҷоми муваффақонаи лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин

Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ба муносибати ба анҷомрасии фаъолияти сесолаи худ, ки ба бунёди асоси бозори ҳуқуқи истифодабарандагони замин равона гардидааст, як чорабинӣ доир намуд. Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинӣ сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан М. Эллиотт ва муовини сарвазири ҳукумати Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ширкат варзиданд. Зимни […]

ASIA-Plus


Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин ба муносибати ба анҷомрасии фаъолияти сесолаи худ, ки ба бунёди асоси бозори ҳуқуқи истифодабарандагони замин равона гардидааст, як чорабинӣ доир намуд.

Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинӣ сафири ИМА дар Тоҷикистон хонум Сюзан М. Эллиотт ва муовини сарвазири ҳукумати Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ширкат варзиданд.

Зимни суханронӣ Эллиотт таъкид кард, ки: «Ислоҳоти замин  қисми таркибии рушди бахши кишоварзӣ аст ва кафолати ҳуқуқҳои деҳқонон ҳам дар ин самт  омили асосии рушди минбаъдаи ин соҳа мебошад. Дар мавриди боварӣ ҳосил намудани деҳқонон, ки ҳуқуқҳои заминистифодабарии онҳо кафолат дода шудааст, онҳо бештар ба сармоягузории дарозмуддат ҷиҳати баланд бардоштани маҳсулнокӣ ва даромаднокии замин мароқ зоҳир хоҳанд намуд».

Лоиҳаи USAID аз оғози фаъолияти худ ба таҳким ва ҳимояи ҳуқуқҳои истифодабарандагони замин, рушди замина ва сохторҳои бозори ҳуқуқи истифодабарандагони  замин бо роҳи пешниҳоди дастгирии техникӣ, барномаҳои омӯзишӣ,  робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори омма равона шуда буд.

Лоиҳа ҳамчунин кӯшиши ҳукумати Тоҷикистонро дар қабули асноди ҳуқуқии нав ва сиёсати он, ки ба принсипи “озодии хоҷагидорӣ” ва самаранок амалӣ сохтани ислоҳоти замин бо мақсади бунёди бозори ҳуқуқи заминистифодабарӣ асос ёфта буд, дастгирӣ намуд. Бозори амалкунандаи ҳуқуқи истифодабарии замин имконияти рушди самаранок, пурмаҳсул ва дарозмӯҳлати заминро  фароҳам меоварад. 

Лоиҳаи USAID  ҳамчунин ба деҳқонон оиди ҳуқуқҳои онҳо ба замин тавассути маҷмӯаи барномаҳои омӯзишӣ, робита бо ҷомеа ва воситаҳои ахбори умум маълумот пешниҳод намуд, аз он ҷумла тавассути машваратҳои ҳуқуқӣ кӯмаки ҳуқуқӣ пешниҳод намуд ва тавассути барномаҳои омӯзиши техникии намояндагони мақомоти маҳаллии давлатӣ, судяҳо, прокурорҳо ва адвокатҳо оиди масъалаҳои замин волоияти қонунро дастгирӣ намуд.  Дар давоми се соли фаъолияти лоиҳа беш аз 107 000 ҳазор нафар шаҳрвандон бевосита аз кӯмаки он баҳраманд шуданд.   

Барномаҳои USAID  аз соли 2004  ба ҳукумат дар пешбурди сиёсат оид ба  замин ва таҳияи асноди ҳуқуқӣ  кӯмак менамояд. Ислоҳоти замин дар Тоҷикистон қисми таркибии  ташаббусҳои Ҳукумати ИМА  оид ба амнияти озуқа ва ғизои мукаммал таҳти унвони “Озуқаворӣ ба хотири оянда” ба ҳисоб меравад. Ташаббуси “Озуқаворӣ ба хотири оянда” дар Тоҷикистон ба бартараф намудани сабабҳои асосии гуруснагӣ ва фақр тавассути вусъатдиҳии рушди фарогири соҳаи кишоварзӣ ва беҳбуд бахшидан ба ғизогирии мукаммали аҳолӣ, аз ҷумла, занону кӯдакон, дар 12 ноҳияҳои вилояти Хатлон равона гардидааст. 

Лоиҳаи USAID оид ба ислоҳоти замин дар Тоҷикистон,  яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакдиҳандаи USAID мебошад. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои дастгирӣ намудани ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба маблағи 1 миллиард доллари ИМА ироъа намуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.