Ба як қисмати ноҳияи Синои пойтахт муддати ду рӯз – рӯзҳои 24 ва 25-уми январ аз соати 11 то 15 интиқоли барқ қатъ карда мешавад.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» директори ҶСК «Шабакаҳои барқии Душанбе» Саид Атоев хабар дод, дар ин муддат ба микрорайонҳои Гипрозем, 82, 83, 84, кӯчаҳои Яккачинор, Федин, Ҳаёти нав, Юсуф Вафо ва Пайрав Сулаймонӣ интиқоли барқ маҳдуд мегардад.
«Қатъи интиқоли барқ ба минтақаҳои мазкур барои ивази яке аз трансформаторҳои асосие, ки ин кӯчаву микрорайонҳоро бо барқ таъмин мекунад, сурат мегирад», – гуфт вай.
Номбурда дар идома изҳор дошт, ки кормандони шабакаҳои барқи пойтахт бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод, ки корҳои ивази трансформатор ҳамин рӯз ба анҷом расанд.





