Анҷоми муҳлати ваколати Ивар Викки ба ҳайси сафири САҲА дар ҶТ

Date:


Чанде қабл вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ роҳбари Дафтари Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Душанбе сафир Ивар Виккиро бо сабаби ба итмом расидани мӯҳлати хидматаш ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти мулоқот масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва САҲА мавриди арзёбӣ ва баррасӣ қарор гирифтанд.

Ба иттилои манбаъ, вазири корҳои хориҷӣ ба Сафир Ивар Викки барoи саҳмаш дар густариши муносибатҳои ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА изҳори сипос намуд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related