М.Солеҳов: Қотил ба милиса қасд доштааст

Date:



            




  

Душанбе. 20-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» – Имрӯз дар нишасти хабарӣ вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Маҳмадназар Солеҳов изҳор дошт, ки аз рӯи ҳамаи аломатҳои дарёфтшуда, қатли милисаи яке аз шӯъбаҳои посдории «Ориёнбонк» Одина Давлатов барқасдона сурат гирифтааст.





           

Дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» сардори раёсати ташкиливу назоратии вазорат Муҳаммадӣ Шафоатов иброз дошт, ки фарзияи ғорат ин ҷо ҷой надорад, зеро ҷинояткор пас аз содир намудани ҷиноят дарҳол аз ҷои ҳодиса ғайб задаст ва аз бонк чизе ба ғорат бурда нашудааст.




           

«Кӯшиши шикастани қуфл ва ё рабудани чизе ба мушоҳида нарасидааст ва ин гувоҳи он аст, ки онҳо бо ҳам шинос будаанд, – идома дод ӯ. – Феълан фарзияҳои дигари содир намудани ҷиноят, аз ҷумла бар асоси муносибатҳои хусуматомези шахсӣ мавриди таҳлил қарор гирифтаанд».



Ёдрас мекунем, ки субҳи 19-уми октябр сержанти милисаи шӯъбаи Хадамоти

 

давлатии посдории шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Синои пойтахт Одина Давлатов ҳадафи тири қотил қарор гирифт. Ҷинояткор ба сари милиса тир холӣ кардааст. Ҳодиса дар давоми соатҳои аз 5 то 7-и субҳ рух додааст. Қотил ба бинои шӯъбаи бонк ворид гардида, аслиҳаи хидматии милисаро мегирад ва бо он ба пешонии О.Давлатов тир холӣ мекунад, ки бар асари он милиса дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад. Тафтиши ин ҳодиса ба зиммаи гурӯҳи фавриву тафтишотӣ таҳти сарварии муовини вазири умури дохилии ҷумҳурӣ Шариф Назаров вогузор гашт.


ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Раиси Додгоҳи олӣ: “Парвандаи Исматулло Абдуллозода ба додгоҳ наомадааст”

Раиси Додгоҳи олӣ гуфт, парвандаи Исматулло Абдуллозода, роҳбари пешини...