Ҳалокати 4 нафар аъзои як оила дар садамаи нақлиёт

Date:


Бар асари садамаҳои нақлиёт, ки рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта рух доданд, шаш нафар ҷони худро аз даст доданд.

Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, зимни як садама ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота», сокини 32-солаи ноҳияи Румии вилояти Хатлон Қутбиддин Холов зимни ҳаракат дар роҳи мошингардид Душанбе-Қӯрғонтеппа аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар деҳаи Чимбулоқи ноҳияи Хуросон ба самти муқобили ҳаракат мебарояд ва ба автомашинаи «ДЭУ»-и таҳти идораи сокини 23-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Муҳибулло Юсуфов бармехӯрад. Дар натиҷа ронандаи автомашинаи «ДЭУ» ва мусофирони он – модар, падар ва хоҳари ронанда ба ҳалокат расидаанд.

Худи ҳамон рӯз ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Алишери Навоии пойтахт сокини шаҳри Душанбе, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри» Қурбоншоҳ Сафаралӣ Ҳикматулло Норови 60-соларо бо автомашинааш пахш мекунад, ки дар натиҷа ҷабрдида дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Ҳамчунин бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Рӯдакӣ, ки аз ҷониби ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота-Кемри», сокини 60-солаи пойтахт Мирзоумед Пираков содир шуд, мусофири он – Исматулло Саидови 53-сола ба ҳалокат расидааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...