Супориши Медведев ҷиҳати имзои Созишномаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ бо Тоҷикистон

Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ҷиҳати тасвиби Созишномаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ миёни Тоҷикистону Русия бидуни боҷи содиротӣ супориш ба имзо расонид. Дар ин бора Агентии иттилоотии «Росбалт» хабар медиҳад. Мувофиқи лоиҳаи созишнома, Русия Тоҷикистонро бо маҳсулоти нафтии бидуни боҷи содиротӣ дар ҳаҷме таъмин хоҳад кард, ки барои истеъмоли дохили кишвар зарур аст. То 1 октябри ҳар […]

ASIA-Plus


Нахуствазири Русия Дмитрий Медведев ҷиҳати тасвиби Созишномаи таҳвили маҳсулоти нафтӣ миёни Тоҷикистону Русия бидуни боҷи содиротӣ супориш ба имзо расонид. Дар ин бора Агентии иттилоотии «Росбалт» хабар медиҳад.

Мувофиқи лоиҳаи созишнома, Русия Тоҷикистонро бо маҳсулоти нафтии бидуни боҷи содиротӣ дар ҳаҷме таъмин хоҳад кард, ки барои истеъмоли дохили кишвар зарур аст. То 1 октябри ҳар сол ҷонибҳо тавозуни истеъмоли дохилии Тоҷикистонро ба ин маҳсулот мувофиқа месозанд. Аз сӯзишвории аз тавозун барзиёд таҳвилшуда боҷ ситонида мешавад.

Ҳамчунин маҳсулоти нафтии бидуни боҷи содиротӣ ба Тоҷикистон воридшудаи Русия набояд ба кишварҳои сеюм дубора содирот (реэкспорт) шавад. Манъи содироти дубора ба маҳсулоти нафтие низ дахл хоҳад дошт, ки аз кишварҳои дигари узви Иттиҳоди гумрукӣ ба Тоҷикистон ворид мегарданд.

Имзои созишномаи мазкур зимни сафари муовини аввали нахуствазири Русия Игор Шувалов ба Тоҷикистон санаи 13-уми феврали соли равон дар назар аст. Дар ҷараёни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Душанбе моҳи октябри соли 2012 дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротӣ тавофуқ ҳосил шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.