Масъалаи воридоти гази Ӯзбекистон то ҳанӯз ҳал нашудааст

Дар мавриди воридоти гази Ӯбекистон ба Тоҷикистон дар соли равон то ҳанӯз миёни кишварҳо гуфтушунид идома дорад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, аз гуфтушунидҳои идомадошта дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва сохторҳои дахлдори кишвар то ҳол ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст. «То ҳанӯз талабот ба гази табиӣ мавҷуд аст […]

Заррина Эргашева


Дар мавриди воридоти гази Ӯбекистон ба Тоҷикистон дар соли равон то ҳанӯз миёни кишварҳо гуфтушунид идома дорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, аз гуфтушунидҳои идомадошта дар сатҳи вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва сохторҳои дахлдори кишвар то ҳол ҳеҷ натиҷае ҳосил нашудааст.

«То ҳанӯз талабот ба гази табиӣ мавҷуд аст ва ҳарчанд ҳаҷми талабдоштаи мо аз ҳаҷми соли гузашта зиёд набошад ҳам, вале дар бораи ҳаҷмҳои он мо алҳол чизе гуфта наметавонем», – гуфтанд дар вазорат.

Ба иттилои манбаъ, барои коршоям нигоҳ доштани лӯлаҳои интиқоли газ дар қаламрави ҷумҳурӣ, «Тоҷиктрансгаз» онҳоро ҳамеша бояд бо газ таъмин намояд ва ин миқдор газ барои коршоям нигоҳ доштани лӯлаҳо ворид мегардад.

Ёдрас мекунем, ки бинбар сабаби ба охир расидани муҳлати шартномаи соли 2012, шурӯъ аз 31-уми декабри соли гузашта Ӯзбекистн интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ намуд. Кишвари ҳамсоя оид ба интиқоли ҳаҷми муайяни газ ба Чин ӯҳдадор буда, дар ин хусус соли гузашта зимни имзои қарордод хабар дода буд.

Бино ба маълумоти «Тоҷиктрансгаз», соли гузашта ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон 132,4 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 46,6 млн. метри мукааб камтар аст. Мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас мекард, ки арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил дод.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.