Воридоти сӯзишвории бидуни боҷи Русия шояд баъди як моҳ оғоз гардад

Созишнома оид ба воридоти маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ, ки чанде қабл миёни Тоҷикистону Русия ба тасвиб расид, пас аз анҷоми як қатор расмиёти дохилидавлатии кишварҳо мавриди амал қарор мегирад. Дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки мувофиқи расмиёти дохилидавлатӣ, бояд ин созишнома дар парлумонҳои ҳарду кишвар […]

Заррина Эргашева


Созишнома оид ба воридоти маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ, ки чанде қабл миёни Тоҷикистону Русия ба тасвиб расид, пас аз анҷоми як қатор расмиёти дохилидавлатии кишварҳо мавриди амал қарор мегирад.

Дар ин робита ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати энергетика ва саноати ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, ки мувофиқи расмиёти дохилидавлатӣ, бояд ин созишнома дар парлумонҳои ҳарду кишвар ба тасвиб расад.

«Барои мавриди амал қарор гирифтани созишнома бояд тамоми механизмҳо, аз қабили фармоиш ба корхонаҳои коркарди маҳсулоти нафтӣ бобати фурӯши ҳаҷми муайяни маҳсулот мувофиқи тавозуни индикативӣ, супориш ба мақомоти гумруки Русия оид ба бекор шудани боҷи содиротӣ ва ғайра мавриди истифода қарор гиранд», – гуфтанд дар вазорат.

Бино ба иттилои манбаъ, воридоти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни боҷи содиротиро на пештар аз моҳи март мебояд интизорӣ дошт, зеро пас аз мавриди амал қарор гирифтани созишнома ва харидани маҳсулот, он тавассути роҳи оҳан муддати ҳудуди ду ҳафта ба Тоҷикистон мерасад.

Дар робита ба тавозуни индикативии мувофиқашуда миёни кишварҳо дар ҳаҷми 1 млн. тонна дар вазорат зикр карданд, ки ин ҳаҷм ба талаботи Тоҷикистон мувофиқ аст.

Бо назардошти гази моеъ, талаботи Тоҷикистон ба маҳсулоти нафтӣ 1 млн. 600 ҳазор тонна дар як солро ташкил медиҳад. Миқдори боқимондаи 600 ҳазор тонна (аз ҷумла гази моеъ) аз кишварҳои дигар ворид карда мешавад.

«Дар мавриди нархи бензин алҳол метавон танҳо дар бораи коҳиши он ба андозаи 15% ҳарф зад ва агар имрӯз қимати 1 литр бензин 6,70 сомонӣ бошад, пас бо воридоти маҳсулоти нафтии Русия бидуни боҷи содиротӣ дар моҳи март, шояд бензин 1 сомонӣ арзонтар шавад», – афзуд сарчашмаи хабар.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл дар шаҳри Маскав аз ҷониби вазири энергетикаи Русия Александр Новак ва вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон Гул Шералӣ

Созишнома

дар бораи таҳвили маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон бидуни пардохти боҷи содиротӣ ба имзо расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.