Оғози Лоиҳаи такмилдиҳии идоракунии андози БҶ

Ифтитоҳи расмии Лоиҳаи ислоҳоти идоракунии андоз дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Дастгоҳи президенти Тоҷикистон, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи сармоягузории давлатӣ ва Кумитаи андози Тоҷикистон ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив баргузор гардид. Тавре аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ […]

ASIA-Plus


Ифтитоҳи расмии Лоиҳаи ислоҳоти идоракунии андоз дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мешавад, имрӯз дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Дастгоҳи президенти Тоҷикистон, Вазорати молия, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи сармоягузории давлатӣ ва Кумитаи андози Тоҷикистон ва намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Марша Олив баргузор гардид.

Тавре аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар ҶТ хабр доданд, намояндагони ташкилотҳои донорӣ ва бизнес-ассотсиатсияҳо низ дар маросими ифтитоҳи лоиҳа иштирок варзиданд.

 “Лоиҳаи мазкур бо маблағи умумии 18 миллион долл.ИМА ислоҳоти ба баланд бардоштани самаранокии низоми андоз равона шударо дастгирӣ хоҳад намуд,” – гуфт Марша Олив, намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон – Ҳадафи лоиҳа аз барпо намудани низоми андози бештар шаффоф, ҳисоботдиҳанда, одилона ва босамар, ки ба нафъи соҳибкории маҳаллӣ ва андозсупорандагони алоҳида хоҳад буд, иборат аст. Он ба расидани ҳадафи бузургтар, яъне баланд бардоштани самаранокии бахши давлатӣ ва фароҳам овардани шароитҳои бештар босубот барои сармоягузории хусусӣ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.”

 “Ислоҳоти андоз масъалаи аввалиндараҷаи Ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Пӯшонидани рахнаи андоз ва ҷамоварии даромад ба мо имкониятҳои молиявӣ барои сармоягузорӣ дар хизматрасониҳои ҷамъиятии босифат ба шаҳрвандон ва инфрасохторе, ки боиси рушди иқтисодӣ мегардад, фароҳам меоварад”, – қайд намуд Oдилҷон Ҷабборов, роҳбари шӯъбаи молияи Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 «Ҳадафи умумии ислоҳоти идоракунии андоз аз баланд бардоштани самаранокӣ ва маҳсулнокӣ тавассути максимизатсияи дараҷаи ҷамъоварии андозҳо ва ба ҳадди ақал расонидани хароҷоти идоракунии андоз ва харҷи андозсупорандагон, ки бо риояи қонунгузорӣ алоқаманданд, инчунин аз такмилдиҳии доимии сифати хизматрасонӣ ба андозсупорандагон иборат аст», – зикр намуд Аюбҷон Солиев, муовини аввали раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 Мақсади лоиҳаи Ислоҳоти идоракунии андоз дар Тоҷикистон аз баланд бардоштани сифати хизматрасонии андозсупорандагон, дараҷаи риояи ихтиёрӣ ва коҳишдиҳии ҳаҷми иқтисоди соягӣ иборат аст. Бо пешбурди идоракунии самараноки андоз лоиҳа ба такмилдиҳии идоракунии молияи давлатӣ ва муҳити беҳтари соҳибкорӣ – ду самти ислоҳоте, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ низ дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешаванд, мусоидат мекунад. Бахшҳои мухталифи лоиҳа иқтидори институтсионалӣ ва амалиётии Кумитаи андоз ва шӯъбаҳои онро дар ҷойҳо баланд бардошта зарурати муроҷиати андозсупорандагон ба мақомоти андозро коҳиш медиҳад ва ба фаъолияти босамар дар фазои нави автоматикунонидашуда мусоидат мекунад. Барои андозсупорандагоне, ки мехоҳанд ҳуҷҷатҳоро дар шакли электронӣ супоранд аммо ба компютер дастрасӣ надоранд, дар минтақаҳои дурдаст киоскҳои электронӣ ташкил карда мешаванд.

“Лоиҳа ба таҷрибаи ҷаҳонии Бонки ҷаҳонӣ дар самти барномаҳои таҷдиди идоракунии даромад, бахусус дар кишварҳои ИДМ ва Аврупои шарқӣ ва ба корҳои таҳлилие, ки аз ҷониби Бонк дар Тоҷикистон дар давоми ҳафт соли охир гузаронида шудаанд, такя хоҳад кард”, афзуд Mунавер Хваҷа, Роҳбари лоиҳа ва Ҳамоҳангсози Бонки ҷаҳонӣ оид ба ислоҳоти андоз. “Татбиқи чунин барномаҳо ба афзоиши назарраси ҷамъоварии андоз ва коҳиши коррупсия, ки дар пурсишҳо оид ба фаъолияти соҳибкорӣ қайд шуда буд, оварда мерасонад.”

Лоиҳаи ислоҳоти идоракунии андоз дар доираи Стратегияи Бонки ҷаҳонӣ оид ба ҳамкорӣ бо кишвар барои 2010-2013 таҳия шуда ба зарурати аз байн бурдани монеаҳои институтсионалӣ ба рушди иқтисодӣ, равнақ додани фазои рақобатпазири инвеститсионӣ ва фароҳам овардани замина барои барқарорсозии баъдибӯҳронӣ ва рушди устувор аҳамияти махсус медиҳад.

Айни замон, сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 лоиҳа бо ӯҳдадориҳои умумӣ дар ҳаҷми 252.8 млн.доллари ИМА иборат аст. Ҳиссаи бузургтарини сандуқи сармоягузориро соҳаи кишоварзӣ ва рушди деҳот (27 фоиз), баъдан бахши энергетика (24 фоиз), обтаъминкунӣ ва беҳдошт (18 фоиз), рушди инсон – маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (24 фоиз), бахши хусусӣ (4 фоиз) ва бахши давлатӣ (2 фоиз)-ро ташкил медиҳанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби ҷавонон ба артиш дар кишвар пурра иҷро шудааст. Ин мавсими даъват ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳ аз...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.