Донишҷӯёни Вазорати мудофиа дар ҳузури сафири Британияи Кабир

Бахшида ба ҳаштумин барномаи мактаби забономӯзии Вазорати Мудофиаи Британия, сафири Британия дар Тоҷикистон ҷаноби Робин Орд-Смит дирӯз донишҷӯёни мактаби мазкурро ба ҳузур пазируфт. Тавре аз сафорати Британияи Кабир дар ҶТ хабар доданд, ин барнома яке аз ҷузъи ӯҳдадориҳои Ҳукумати Британия барои таъмин намудани амният ва субот дар Афғонистон мебошад ки Тоҷикистон барои амали кардани он […]

ASIA-Plus


Бахшида ба ҳаштумин барномаи мактаби забономӯзии Вазорати Мудофиаи Британия, сафири Британия дар Тоҷикистон ҷаноби Робин Орд-Смит дирӯз донишҷӯёни мактаби мазкурро ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз сафорати Британияи Кабир дар ҶТ хабар доданд, ин барнома яке аз ҷузъи ӯҳдадориҳои Ҳукумати Британия барои таъмин намудани амният ва субот дар Афғонистон мебошад ки Тоҷикистон барои амали кардани он нақши муҳимро мебозад. Дар чорабинии мазкур намояндагони Вазорати Мудофиаи Тоҷикистон, Донишкадаи Низомии ш. Душанбе, хабарнигорони маҳаллӣ ва кормандони Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ва оилиҳои гурезаи Афғон ҳузур доштанд.  

Ҷаноби Робин Орд-Смит дар кушодашавии чорабинӣ суханронӣ намуда, аз ҷумла изҳор дошт, ки ин яке аз ҷузъҳои муҳими барномаи дуҷонибаи байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бритиния мебошад. «Ин курсҳои омӯзиши забон ба донишҷӯён имкон медиҳад то онҳо худро дар фазои ором ки ҷуғрофан ба Афғонистон наздик аст, забон ва урфу одати маҳаллиро биомӯзанд. Ҳамаи донишҷӯёни забономӯз дар ояндаи наздик ба Афғонистон вуруд мешаванд ва дар рафти адо намудани хизмати ҳарбии худ  дар Афғонистон забони омӯхтаашонро истифода мебаранд», – иброз дошт ӯ.

Қобили зикр аст, ки мактаби забономӯзии Вазорати Дифои Британия ба донишҷӯёни низомӣ забонҳои гуногун ва инчуни форсӣ ва пуштуро меомӯзонад. Донишҷӯёни интихобшада ба мӯҳлати 3 ё 4 ҳафта ба Тоҷикистон меоянд. Ҳангоми будан дар Тоҷикистон, онҳо дар Донишкадаи Низомии ш. Душанбе ва дар мактаби Афғонӣ таҳсил мекунанд ва бо тоҷикон ва афғониҳо ҳамроҳ барои такмил додани забон ва фаҳмиши урфу одат кор мебаранд. Ин барнома ба донишҷӯён имкон медиҳад ки онҳо забони омӯхтаистодаашонро равон ҳарф зананд ва инчунин урфу одати маҳаллиро хуб биомӯзанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.