Ноҳияи Ҷиликӯл аз таъминот бо маблағҳои буҷаи ҷумҳурӣ даст кашиданист

Қӯрғонтеппа. 17-уми котябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон дар се соли минбаъда аз маблағҳое, ки аз буҷаи ҷумҳурӣ ҷудо карда мешаванд, даст кашиданист. Дар ин бора дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳия Эшбӯрӣ Эсанқулов хабар дод. Ӯ ёдовар шуд, ки солҳои ахир ноҳияи Ҷиликӯл аз буҷаи ҷумҳурӣ ба миқдори 1,8 млн. […]

Сайраҳмон Назриев


Қӯрғонтеппа. 17-уми котябр. ОИ «Азия-Плюс» – Ноҳияи Ҷиликӯли вилояти Хатлон дар се соли минбаъда аз маблағҳое, ки аз буҷаи ҷумҳурӣ ҷудо карда мешаванд, даст кашиданист. Дар ин бора дар сӯҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳия Эшбӯрӣ Эсанқулов хабар дод.




Ӯ ёдовар шуд, ки солҳои ахир ноҳияи Ҷиликӯл аз буҷаи ҷумҳурӣ ба миқдори 1,8 млн. сомонӣ маблағи иловагӣ мегирад. Номбурда изҳор дошт, ки дар худи ноҳияи имконоти ғанисозии буҷаи маҳаллӣ мавҷуд аст.



«Масалан, дар ноҳия 4 бозор амал мекунад ва тибқи маълумоти мо, онҳо сарчашмаҳои воқеии даромадашонро пинҳон медоранд, – гуфт ӯ. -Аз ин рӯ, мо ният дорем, минбаъд ин бозорҳоро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳем».



Қобили зикр аст, ки дар давоми 9 моҳи соли равон барои нахустин бор ноҳияи Ҷиликӯл нақшаи ҷамъоварии андозро ба миқдори 104 дарсад ба иҷро расонида, қарз ба буҷаи ҷумҳуриро ба андозаи 38 ҳазор сомонӣ камтар кард.


Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.