Қатъи истеҳсоли гармӣ дар дегхонаи шарқии МБД Душанбе

Ахири ҳафтаи гузашта бо дархости ширкати «Барқи тоҷик» бинобар сабаби ошкор шудани нуқсу камбудиҳои техникӣ дар генератори синтези газ аз ангишти маҳаллӣ, дар дегхонаи шарқии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе истеҳсоли гармӣ қатъ гардид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, дар ин робита раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарореро ба […]

Аваз Юлдошев


Ахири ҳафтаи гузашта бо дархости ширкати «Барқи тоҷик» бинобар сабаби ошкор шудани нуқсу камбудиҳои техникӣ дар генератори синтези газ аз ангишти маҳаллӣ, дар дегхонаи шарқии Маркази барқу гармидиҳии Душанбе истеҳсоли гармӣ қатъ гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, дар ин робита раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарореро ба имзо расонид, ки муофиқи он дар иншооти мазкур корҳои таъмир оғоз гардиданд.

Ёдрас мекунем, ки ахири соли 2012 Корхонаи алюминии тоҷик (ТАЛКО) ба Маркази барқу гармидиҳии Душанбе ду адад генератори синтези газ аз ангишти маҳаллӣ пешниҳод кард ва айни замон насби ин генераторҳо дар дегхонаи шарқии МБД Душанбе ба итмом расидааст.

Роҳбари департаменти иттилоотиву таҳлилии ТАЛКО Игор Сатторов он замон изҳор намуда буд, ки насби ин генераторҳо имкон медиҳад, ки як қатор  иншооти қисмати шарқии пойтахт бо гармиву оби гарм таъмин карда шаванд. «Барои таъмини кори мунтазами генераторҳо дар мавсим 3 ҳазор тонна ангишт зарур аст», – гуфта буд вай.

Номбурда ҳамчунин гуфта буд, ки бо назардошти хароҷоти кашонидани ангишт то ҷойи истифода, маблағи умумии истифодабарии онҳо дар як мавсим 300 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод, ки аз сарфакории ин дастгоҳҳо гувоҳӣ медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.

Беш аз 27 ҳазор сомонӣ ҷаримаи мудири як мактаби русӣ дар Хуҷанд барои таҷлили зодрӯзаш дар тарабхона

Ҳоло масъалаи барканории ӯ байни вазоратҳои маорифи Тоҷикистон ва Русия баррасӣ мешавад.

КҲФ паёмади боришоти рӯзи гузаштаро шарҳ дод

Ин ниҳод гуфт, дар пайи боришот дар як қатор шаҳру ноҳияҳо обхезӣ ва сел сар зада, аз ҷумла ба манзили сокинон ва чанд беморхона зарар ворид кардааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 79

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Рашид Олимов: “Азия-Плюс” садои замон ва солномаи Тоҷикистони мустақил аст

Дабири кулли пешини СҲШ расонаи моро ба 30 солагиаш табрик кард.