Дар ҳукумати мамлакат як қатор тағйироти кадрӣ ба вуқӯъ пайваст.
Тавре хадамоти матбуотии президент иттилоъ медиҳад, мувофиқи фармони Эмомалӣ Раҳмон Валиев Султон бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон озод гардида, Латипов Рустам Баротович иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Восеи вилояти Хатлон таъин карда шуд.
Мутобиқи фармони дигари сарвари давлат Солиҳов Баҳридин Тоҷидинович бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Ҳисор озод карда шуда, Сабзов Усмон Раҳмонович ичрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҳисор таъин гардид.


